Хушдил Раҳимҷонов, яке аз аввалин даспарварони мактаби МТЖТ 23-юми феврали соли равон дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун василаи (механизми) худтанзимнамоӣ дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон” рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя кард.
Мавзӯи ҳимоянамудаи Хушдил Раҳимҷонов имрӯз барои журналистика хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Тавре дар муқаддимаи рисола зикр шудааст, ин мавзӯъ дар журналистикаи муосир ниҳоят мубрам аст:
“Ахлоқ дар ҳаёти инсон мақоми барҷаставу намоёнеро соҳиб аст. Онро ба сифати рукни зиндагӣ шинохтаанд, зеро ҳастии инсон дар пайвастагӣ ба ахлоқ зуҳур намуда, маънӣ пайдо мекунад. Инсон чун мавҷудоти соҳибшуури олам дорои шаклҳои гуногуни дарку фаҳм аст ва ҳар рафтору амали ӯ дар доираи меъёрҳои ҷомеа сурат мегирад. Масъалаи хушахлоқӣ ва маҳкум намудани хулқу рафтори бад яке аз масоилест, ки дар тамоми давраҳои ташаккули инсоният ҳамвора вуҷуд доштаву баррасӣ шудааст, ки нишони зарурати он аст. Яке аз рукнҳои саодат дар зиндагии инсоният ахлоқу маънавиёт ва фазилатҳои ахлоқӣ мебошанд. Дар партави ахлоқу маънавиёт робитаҳои иҷтимоӣ устувортар мегарданд, муносибатҳо муҳаббатомезтар мешаванд, шӯру нишот бар зиндагӣ афзунтар мегардад ва талоши инсонҳо дар масири тараққиву такомул ҳадафмандонатар мешавад. Дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар замони ҷаҳонишавии арзишҳо, дар ҳоли вусъат ёфтани фарҳанги кишварҳои мутараққӣ масъалаи муқобилиятнишондиҳии фарҳангҳои миллӣ ба миён омадааст, зеро ин ҳолатҳо сарҳади арзишҳову анъанаҳои миллиро ноустувор кардаанд. Кишварҳои дар ҳоли рушд рӯ ба рӯ бо масъалаи душворе ҳастанд: аз як тараф, ногузирии зарурати меъёрҳои мардумсолорӣ, савдои озод, давлати ҳуқуқбунёду ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷониби дигар, ворид шудани ахлоқи бегона, анъанаҳое, ки фарҳангҳои дигарро тобеъ кардан мехоҳанд ва хатари барбод додани азизтарин арзишу анъанаҳое, ки миллат садсолаҳо ҳифз кардааст. Масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҳар замон аз аҳамияти фавқулодае бархӯрдор ҳастанд, вале дар асру замони мо, ки асри печидагии робитаҳо, густурдагии рӯ ба рушди иртиботот, авҷ гирифтани фановарӣ ва тавсеаи иртиботот аст, дорои аҳамияти бештар мебошанд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, дар асри иттилоот, ки нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҳамаи кишварҳои олам боло бурдааст, дар ҳоле ки имкониятҳои нави дастрасӣ ба иттилоъ ба вуҷуд омадаанд, дар замоне, ки иттилоот ягон марзро намешиносад, воситаҳои ахбор ҳамчун нерӯи пуриқтидор барои пиёдасозии ҳадафҳои геополитикӣ истифода шуда истодаанд ва ҳар замон имкони сар задани таркиши иттилоотӣ ҳаст, масъалаи риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ ба таври мушаххас зуҳур мекунад. Шароити иқтисоди бозорӣ, моликияти шахсиятҳои алоҳида гардидани идораҳои воситаҳои ахбори омма мазмун ва моҳияти рисолати аслии воситаҳои ахборро зери суол бурдан дорад, ки ин ҳам хатаре ба журналистика аст. Мубрам будани мавзӯъ дар он ифода меёбад, ки бо мавриди баррасӣ қарор гирифтан чунин мушкилот ва оқибатҳои онро дар фаъолияти минбаъдаи журналистон бозгӯ мекунад, зеро ахлоқи касбӣ яке аз унсурҳои муҳиммест, ки хосияти касби журналистиро муайян менамояд”.
Аҳли эҷоди МТЖТ Хушдил Раҳимҷоновро ба ин дастовардаш табрик намуда, дар корҳои минбаъдааш барор ва муваффақият мехоҳанд.