Қаршибоев аз болои Назарзода шикоят мебарад (АКС)

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ имрӯз, 18-уми феврал дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастраси ба иттилооти боэътимод» дар Душанбе аз фаъолияти Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд шикоят намуд.

Ба андешаи номбурда, пинҳон намудани шумори тоҷикистониёне, ки ба гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, сирри давлатӣ нест ва аз ошкоро пешниҳод кардани иттилоот дар ин маврид теъдоди онҳоро на кам мекунад на зиёд.

Нуриддин Қаршибоев дар идома гуфт, бояд мақомоти кишвар маълумотҳои сирри амниятӣ доштаро аз статистика (омор), ки бояд ҳатман зимни нишастҳои матбуотӣ ба хабарнигорон пешниҳод кард шавад, фарқ гузоранд.

Ба гуфтаи номбурда, вобаста ба чунин амали Назарзода расман ба ӯ муроҷиат намуда, ҷавоби муроҷиаташонро дастрас кардаанд ва рӯзҳои наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи чунин амали Назарзода шикоят хоҳанд бурд.

Қаршибоев мегӯяд, дар сурати нагирифтани ҷавоби қонеъкунанда аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ва ислоҳ нашудани чунин камбудиҳо ба суд шикояд хоҳанд бурд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13134-arshiboev-az-boloi-nazarzoda-shikoyat-mebarad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *