Қарори №41: Иди матбуот дар сатҳи баланд таҷлил шавад

Санаи 11-уми марти соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 105 солагии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 феврал, №41 ба тасвиб расидааст.

Тибқи ин қарор раисони шаҳру навоҳии вилоят вазифадор мешаванд, ки иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддиву маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон, кормандони матбааҳо ва собиқадорони матбуот тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот ташкили мулоқоту нишастҳо, аёдати собиқадорон, баргузор кардани озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ба нақша гирифта шудааст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13052-arori-41-idi-matbuot-dar-sat-i-baland-ta-lil-shavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *