Ҳусейн Идиев, роҳбари «Тоҷикматлубот» сабабҳои бастани рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол»-и ин ниҳодро шарҳ дод.
Номбурда имрӯз, 19-уми январ дар нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба саволи хабарнигори Faraj.tj оид ба баста шудани рӯзномаву маҷаллаи «Тоҷикматлубот» гуфт, матлабҳое, ки дар давоми дар як моҳ ду маротиба дар рӯзнома ва дар се моҳ як мартиба дар маҷалла нашр мегарданд, аллакай куҳна шуда, ба мардум нодаркор мегарданд.
-Ман намехоҳам ин рӯзномаву маҷалла таги по шаванд. Касе онро намехонад. Ман наметавонам соҳибкоронро дар бозорҳои тобеи «Тоҷикматлубот» дар минтақаву ноҳияҳои дуру наздик маҷбуран обуна намоям. Агар худи Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррии ин рӯзномаву маҷалла хоҳад бо маблағи худаш онро нашр кунад. Ман қарор баровардам, онро маблағгузорӣ намекунам, -гуфт Ҳусейн Идиев, роҳбари Иттифоқи «Тоҷикматлубот».
«Иқдом»-и баста шудани рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва «Файзи Истиқлол» аз ҷониби Ҳусейн Идиев, роҳбари «Тоҷикматлубот» дар пайи он гирифта шудааст, ки гӯё ин нашрияҳо барои рушди соҳа зарурият надоштаанд.
Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири нашрияҳои «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол» низ, ки дар нишасти матбуотии ин ниҳод иштирок дошт, гуфт, кормандонаш 7 нафар мебошанд ва дар ҳақиқат 5 моҳи охир музди меҳнат нагирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба он, ки маош нагирифтаанд, лекин шумораи охирони рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот»-ро моҳи декабр бо теъдоди 3,5 ҳазор нусха ба табъ расонидаанд.
«Нашрияҳо тарғиби сиёсати соҳаро дар заминаи тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар пеш мебаранд»,- афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» дар як моҳ ду маротиба нашр гардида, аз соли 2007 ба қайд гирифта шудааст.
Ба ақидаи масъулини ин нашрия, рӯзнома солҳои аввал бо теъдоди 1700 адад чоп мешуд ва баъдан нашри он ба 6200 адад расонида шуд.
Вале моҳи декабри соли гузашта 3500 адад аз чоп баромад ва бештар моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба соҳа дар бар мегирифт.
Маҷаллаи «Файзи Истиқлол» бошад, аз соли 2009 дар назди рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» иловагӣ ташкил гардидааст ва дар як сол 4 шумораи ранга дар ҳаҷми 48 саҳифа мебарояд.
Ин маҷалла бо теъдоди 500-600 нусха дар се моҳ як маротиба чоп мешавад.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12874-usejn-idiev-r-znomavu-ma-allaro-mebandam.html