Як манбаъ аз Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и кишвар мегӯяд, ки кормандони рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол» бо гузашти беш аз панҷ моҳ (аз сентябр инҷониб) маош нагирифтаанд ва роҳбарияти «Тоҷикматлубот» тасмим дорад ин нашрияҳоро бубандад.
Ин «иқдом» дар пайи як тасмими Ҳусейн Идиев, роҳбари «Тоҷикматлубот» гирифта шудааст ва гӯё ин нашрияҳо барои рушди соҳа зарурият надоштаанд.
Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири нашрияҳои «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол» низ дар суҳбат бо Faraj.tj ин ҳарфҳоро тасдиқ намуда, гуфт, кормандонаш 7 нафар мебошанд ва дар ҳақиқат 5 моҳи охир музди меҳнат нагирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба он, ки маош нагирифтаанд, лекин шумораи охирони рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот»-ро моҳи декабр бо теъдоди 3,5 ҳазор нусха ба табъ расонидаанд. «Нашрияҳо тарғиби сиёсати соҳаро дар заминаи тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар пеш мебаранд»,- афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» дар як моҳ ду маротиба нашр гардида, аз соли 2007 ба қайд гирифта шудааст. Ба ақидаи масъулини ин нашрия, рӯзнома солҳои аввал бо теъдоди 1700 адад чоп мешуд ва баъдан нашри он ба 6200 адад расонида шуд. Вале моҳи декабри соли гузашта 3500 адад аз чоп баромад ва бештар моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба соҳа дар бар мегирифт.
Маҷаллаи «Файзи Истиқлол» бошад, аз соли 2009 дар назди рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» иловагӣ ташкил гардидааст ва дар як сол 4 шумораи ранга дар ҳаҷми 48 саҳифа мебарояд. Ин маҷалла бо теъдоди 500-600 нусха дар се моҳ як маротиба чоп мешавад.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12869-nashriya-oi-to-ikmatlubot-basta-meshavand.html