Суди олӣ: ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён муътақид аст, ки дар кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон поймол намешаванд.

«Бар хилофи чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, мо бовар дорем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд», — гуфт раиси Суди олӣ зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, агар шаҳрванд меъёрҳои қонунгузории кишварро риоя намояд, давлат ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сулҳи субот ва ҳаёти осоишта дар манзили ӯро ҳимоя мекунад.

«Дар робита ба ҳукмҳои зиндон ба муҳлатҳои зиёд гуфтаниам, ки ҳамааш ба вазнинии ҷинояти содиршуда вобаста аст, — изхор дошт Шоҳиён. — Шаҳрвандоне, ки ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шудаанд, дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ниҳоят вазнин даст доранд».

https://news.tj/tj/news/tajikistan/laworder/20170117/sudi-ol-uu-va-ozodioi-sharvandoni-toikiston-tati-imoya-aror-dorand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *