Пирзода: «Тоҷикфилм» ба мутахассисони дар хориҷ таҳсилкарда ниёз дорад

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи  телевизион ва радиои кишвар мегуяд,  киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба мутахассисони дар хориҷ таҳсилкарда ниёз дорад.

Ин суханонро ҷаноби Пирзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ  баён намуд.

 — Мушкилотии асосӣ ин нарасидани кадрҳо дар соҳаи филмофарӣ коргардони овоз, пардозгари синамо, наворбардори синамо мебошад, ки омода намудани чунин кадрҳо дар хориҷи мамлакат зарур аст. Барои ин ҳам дар соли 2016 яке аз дастовардҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ин барномаи нави «Рушди кинои тоҷик» барои солҳои 2018-2022 пешбинӣ шудааст, ки он дар соли 2017 ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешавад,-гуфт ӯ.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи мазкур қайд намуд, ки киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» давоми соли 2016 11 филм, аз ҷумла 3 филми ҳунарӣ, 5 филми мустанад, 1 филми кӯтоҳметраи ҳунарӣ ва 2 филми аниматсионӣ ба навор гирифтааст. Ҳамзамон, филмҳои мустанади «Гурғулӣ», «Созтарошӣ», «Бозиҳои наврӯзӣ», «Достони Роғун», «Шашмақом», «Фалак», «Нақшхонӣ» ва «Дафсозӣ» пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Тибқи иттилои намояндагони ин соҳа, дар киностудияи «Тоҷикфилм» 107 нафар кору фаъолият мекунанд ва 200 миллион сомонӣ барои ин киностудия маблағ ҷудо карда шудааст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12811-pirzoda-to-ikfilm-ba-mutakhassisoni-dar-khori-ta-silkarda-nijoz-dorad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *