Раҳматулло Сафаров, духтури бригадаи 6-уми «Ёрии таъҷилӣ»- Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мегӯяд, эҳтимолияти бо бемории қалб аз дунё гузаштани Кароматуллои Аҳмад зиёд аст.
Сафаров ба Faraj.tj гуфт, ҳангоме, ки мошини Ёрии таъҷилӣ расида омад, Кароматуллои Аҳмад аллакай фавтида буд. Номбурда аз он изҳори норизоятӣ намуд, ки ҳангоме ба «вызов» мебароянд, бештари вақт дар тамбаи нақлиёт мемонанд.
-Ана ҳамин ҳоло, ки ба ин ҷо меомадем, як мошини «Мерседес» ҳеҷ не, ки ба мо роҳ диҳад. На ҳаракаташро зиёд мекунад, на аз роҳ яктараф меравад. Ба дилам гуфтам, кош, ҳамин бемор аз наздикони ӯ мебуд. Шояд ақлаш медаромад,- мегӯяд духтур Раҳматулло Сафаров.
Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун», ки чанд соли охир шодравон Кароматуллоҳ Аҳмади 68-cола хабарнигори он буд, мегӯяд, марҳум яке аз журналистони сермаҳсули ҳафтанома ва шахси ботақво буд.
Кормандон тани беҷони ӯро аз таҳоратхонаи бинои «Шарқи Озод» ҳангоме, ки барои намози аср таҳорат мекардааст, пайдо намуданд.