Тартиби баргузории нишастҳо чӣ гуна бошад?

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки аз фаъолияти як соли охири худ дар баробари матбуот гузориш медиҳанд, қарор аст ин дафъа дар толори маркази матбуотии «Ховар» баргузор шаванд. Чунин тасмим марбут ба сохторҳоест, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Худи нишастҳои хабарӣ аз 9-уми январ то 6-уми феврал баргузор хоҳанд шуд. Дар ин замина, «Фараж» аз хабарнигорон пурсид:

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО:
— Нишасти матбуотӣ тибқи маъмул аз як то якуним соат бояд давом кунад ва аз ин вақти бештар барои ҳама хастакунанда хоҳад буд. Дар ҳамон як соат ҳам рӯзноманигорон метавонанд ба суолҳои муҳими худ посух гиранд, ба шарте, ки ҳисоботҳо дар шакли чопӣ ба журналистон ироа шаванд. Дар тамоми кишварҳо нишастҳои хабарӣ бо усули суолу ҷавоб анҷом мешаванд.

Ҳасан АЗИЗОВ:
— Як соат кифоя аст, агар масъулини сохторҳои давлатӣ онро бо саволу ҷавоб гузаронанд, на хондани ҳисоботи шашмоҳаи худ. Баъзе аз роҳбарони сохторҳои давлатӣ 45-50 дақиқа ҳисоботи шашмоҳаи худро аз рӯйи варақ мутолиа мекунанд ва 10 ё 15 дақиқа барои саволу ҷавоб мегузоранд, ки ин хело кам аст. Дигар ин ки, дар нишастҳои хабарӣ баъзе аз роҳбарони сохторҳои давлатӣ иштирок намекунанд. Муовини аввал ё муовинонашон иштирок мекунанд. Ин ба гузаштани нишасти хуби хабарӣ халал ворид месозад, зеро ҷавобҳое, ки мо журналистон шунидан мехоҳем, намешунавем. Хуб мешавад, агар дар нишастҳо худи роҳбарон иштирок мекарданд.

Саидраҳмон НАЗРИЕВ:
— Дар масъалаи вақти нишастҳои матбуотӣ бояд бигӯям, ки як соат кифоя аст, агар масъулини ташкилоту идораҳову вазоратхонаҳо ним соати онро ба хондани як ҳисоботи дурам-дароз сарф накунанд. Хуб мебуд, масъулини марказҳои матбуотии идораҳои давлатӣ пешакӣ маълумотномаҳоро омода намуда, ба иштирокдорони нишастҳои матбуотӣ тақсим мекарданд. Паҳлуи дигараш, журналистон бояд омода бошанд ва суолҳои худро кӯтоҳ, бе нақли қиссае ба масъулин ироа намоянд.

Каюмарси АТО:
— Аз нигоҳи ман, як соат барои пурсидани даҳҳо суол аз мақомдорони тоҷик фурсати хеле кам аст. Дар ҳоле, ки ними ин як соат барои хондани ҳисоботи раҳбарони идораҳо сарф мешавад. Беҳтар аст, ба ҷойи ин, тамоми раҳбарони ниҳодҳо, муовинонашон ва ҳамаи кормандон дар суҳбат бо хабарнигорон озод бошанд, то ҳар хабару ҳодисаро дар вақту соаташ шарҳ диҳанд. Маълумот ироа кунанд. Аз ин тариқ, аввалан бозори хабари Тоҷикистон бой шуда ва аз тарафи дигар дар баъзе ҷангҳои иттилоотӣ Тоҷикистон обрӯ ва ҳақ будани худро ҳифз хоҳад кард. Нишастҳои нимсолаи хабарӣ мисли ин аст, ки раҳбарият дар назди шумо план гузоштааст ва хоставу нахоста онро иҷро мекунед. Беҳтар аст, ки раҳбарияти идораҳо баргузории нишастҳои хабарӣ дар лаҳзаҳои рух додани ҳодисаро ёд гиранд.

Орзуи КАРИМ:
— Як соат хеле вақти кам аст. Хуб мешуд, фақат барои суолгузорӣ ва посух як соат ҷудо мешуд. Дар ин як соат масъулин то ҳисобот медиҳанд ва аз кори худ мегӯяд, ки вақт мегузарад. Агар масъулин мехоҳанд, ки аз муваффақияти корхона, вазорат ва идора бигӯянд, вақти иловагӣ лозим аст. Бояд вақти бештар дода шавад, суолҳо батафсилу бо огоҳии бештар пешниҳод шаванд ва дар ҷавоб «ҳа» ё «не» набошад. Роҳбарони аввал худашон ширкат кунанд ва вақтро бо ҳисоботҳое, ки гоҳо барои мо лозим нест, нагузаронанд. Аз ҷавоби суолҳо худдорӣ накунанд.

Алишер ЗАРИФӢ:
— Ба назари ман, агар дар 1 соате, ки вақти нишастҳои матбуотӣ пешбинӣ гардидааст, саволу масъалагузориҳои муҳим пешкаши масъулин гардаду онҳо низ посухҳои мушаххас диҳанд, кофӣ аст. Яъне, ин ҷо мушкили асосӣ вақт нест, балки пешниҳоди саволҳо ва посухҳои масъулин аст. Таҷриба нишон додааст, ки борҳо баъзе раҳбарони ниҳодҳо вақти нишаст мехоҳанд бо гапҳои умумии худ аз посух додан ба саволи асосӣ худдорӣ намоянд. Масъулин гоҳе бо хондани варақаи иттилоотӣ вақтро мегиранд. Баъзан ба саволҳои асосӣ, ки бояд посух гардонанд, “вақт тамом шуд” гуфта, аз ҷавоб сарпечӣ мекунанд. Яъне, варақаи иттилоотӣ агар дар дасти хабарнигорон аст, дигар ҳоҷат нест вақтро гирифта, онро такроран хонанд. Дар баъзе ниҳодҳо ба ҷои раҳбари аввал ҷойнишин ба нишасти матбуотӣ меояд, ки ин ҳам боиси беҷавоб мондани бархе саволҳо мегардад.

Завқибек САИДАМИНӢ:
— Ман, ростӣ, дар чанд соли ахир умуман ба нишастҳои матбуотӣ намеравам! Вале ин якуним соате, ки барои нишасти матбуотӣ ҷудо мешавад, албатта, басанда нест! Мутаасифона, рӯйхати нишастҳои матбуотӣ чунин ба роҳ монда шудаанд, ки дар як рӯз то чор вазорату кумитаҳо нишаст мегузаронанд ва рӯзноманигорон наметавонанд ба ҳамаи идораҳо сар зада, ҷавоби саволи худро бигиранд! Аз ин сабаб, фикр мекунам, хуб мешавад, агар дар як рӯз ду ниҳод яке пеш аз нисфирӯзӣ ва дигарӣ баъди нисфирӯзӣ нишаст гузаронанд! Ва бигузоранд, ки рӯзноманигорон ба тамоми суолҳои худ ҷавоб бигиранд! Мутаасифона, баъзе котибони матбуотии вазорату идораҳо ҳар лаҳза маҳдуд будани вақтро таъкид карда, баъзе ҳолатҳое мешавад, ки “вақти ҷудо шуда ба поён расид” гуфта, нишастро анҷом медиҳанд! Ҳол он ки, рӯзноманигорони бечора чеҳраи мубораки баъзе мансабдоронро дар як сол як ё ду бор мебинанд ва суолҳои зиёдашон беҷавоб мемонанд. Барои ҳамин, хуб мешавад, вақт маҳдуд набошад ва шарт нагузоранд, ки «марҳамат, рӯзноманигорон, яксуолӣ!».

Азамат ДӮСТОВ:
— Ҳамин 1 соатеро, ки барои нишастҳои матбуотӣ ҷудо карда мешавад, метавон ҳаргуна истифода бурд. Баъзан мешавад, ки тӯли ин муддат суолҳо такрор мешаванд ва вақт зоеъ меравад, бисёр посух ба суолҳое, ки имкон нашуд дода шаванд, гирифта намешавад. Аммо як камбудии ҷиддии нишастҳои матбуотии ниҳодҳои мо ин аст, ки барои саволу ҷавоб фурсати кам ҷудо мешавад. Аксаран қисми бештари вақти нишаст ба хондани матни варақаи матбуотӣ гузаронида мешавад. Албатта, ин барои масъулин хуб аст, чун аз суолҳои “нороҳаткунанда» эмин мемонанд. Пас, хулоса карда мешавад, ки ҳамин вақти ҷудошуда, яъне 1 соат нишасти матбуотӣ рӯзноманигоронро қаноатманд намекунад. Дуввум, фикр мекунам, ки як механизм, ё тартиби мушаххаси гузаронидани чунин нишастҳо бояд омода карда шавад, то рӯзноманигорон ба суолҳои хеш посухҳои амиқу қонеъкунанда бигиранд. Масалан, аз ҷониби масъулин қироати пурраи матни варақаи матбуотӣ зарур нест, чун варақа дар ихтиёри хабарнигорон ҳаст. Баъдан, вақти нишастҳоро зиёд кардан лозим аст, то дастрасии пурра ба иттилооти васеъ фароҳам оварда шавад. Боқӣ, тартиби гузаронидани чунин чорабинӣ бояд бо рӯзноманигорон мувофиқа карда шавад, он гоҳ пешниҳодҳои ҷадид барои хубтар гузаронидани онҳо рӯйи кор хоҳанд омад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА:
— 1 соат кифоят мекунад, агар мақомоти давлатӣ ва журналистон ба нишасти матбуотӣ бо ҷиддияти том муносибат кунанд. Яъне, гоҳе мебинем, ки ин ё он нотиқ, ки ба суолу ҷавоб бо журналистон чандон моил нест, мекӯшад сухани муқаддимавиашро ба дарозо бикашад, то вақт барои пурсишу посух камтар боқӣ монад. Бисёр мешавад, ки масъули посух ба саволҳо матни  “пресс-релиз”-ро (сарфи назар аз дархости журналистон барои қироат накардани он) то ним соат мехонад. Ҳамчунин журналистон ҳам, вақте навбати саволашон расид, якбора чанд саволро пайиҳам медиҳанд. Дар чунин ҳол на ҳама журналистон имкони дарёфти посух ба саволи мавриди назарашонро пайдо мекунанд ва як соат барояшон муддати кӯтоҳ менамояд. Барои он, ки нишастҳои матбуотӣ ба таври самарабахш барпо шаванд: — Масъулони дафтарҳои матбуотӣ матни варақаи иттилоотиро пешакӣ ба ВАО дастрас кунанд; — Мавзуи нишасти матбуотӣ аз қабл эълон ва ҳамоҳанг карда шавад; — Ҳамоиш модератор дошта бошад, то шумораи ҳарчи бештари журналистон имкони саволдиҳӣ дошта бошанд; — Академияи ВАО ё мақомоти дахлдори давлатӣ барои масъулони дафтарҳои матбуотӣ ва (ё) роҳбарони ташкилоту идораҳо тренинги омӯзишӣ доир намуда, усулҳои ба таври бояд баргузор намудани пресс-конференсияро нишон диҳанд; — Журналистон бо саволҳои пухта ва омодагии қаблӣ ба нишаст ҳозир шаванд.

Мумин АҲМАДӢ:
— Як соати нишастҳои матбуотӣ барои рӯзноманигорон кифоя нест. Бештари вақти ин нишастҳоро ҳисоботҳои аксаран нолозими масъулон дар бар мегирад. Баъдан, дар ин нишастҳо маълумотҳое пешниҳоди ВАО мегардад, ки аз нигоҳи фаврият дар рӯзноманигорӣ аллакай куҳна шудааст. Аз тарафи дигар нишастҳои матбуотӣ дар як сол ду бор баргузор мешавад ва ба ҳар ҳол дар фурсатҳои хеле кӯтоҳ рӯзноманигорон ба суолҳои шаш моҳ бепосухашон ҷавоб мегиранд.
Ба ҷуз нишастҳои матбуотӣ дар дигар фурсат аз вазорату ниҳодҳои дахлдор дастрас кардани иттилоъ хеле мушкил шудааст. Аз ин рӯ, рӯзноманигорон маҷбуранд ё ба овозаҳо ва манбаҳои дуюмдараҷа ҳангоми таҳияи матлаб такя кунанд ва ё то нишастҳои матбуотӣ шаш моҳ барои ҷавоби расмӣ мунтазир бимонанд. Албатта, масъулон мегӯянд, тариқи мактуб мо ба суолҳо посух медиҳем. Мутаассифона, тариқи мактуб аксаран ба суолҳо тавре ҷавоб дода мешавад, ки онро наметавон дар матлаб истифода кард. Посухи бисёре аз мактубҳо «ин масъаларо пайгирӣ мекунем ва аз натиҷааш ба шумо посух медиҳем» иборат аст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/hukumat/12760-tartibi-barguzorii-nishast-o-ch-guna-boshad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *