Гуфтугӯи созандаи шаҳрдори Исфара бо мардум
Озодонаву ошкоро ва бидуни эҷоди маҳдудият зимни баёни афкору гуфтор доирсозии гуфтугӯи мустақими радиоӣ талаби асосии раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз масъулин буд, ки мақбули аҳли эҷоди радиои Исфара ва ҳам боиси ба ҷойи як соати муқаррарӣ то якуним соат тӯл кашидани суҳбати самимонаи мардум бо шаҳрдори Исфара гардид. Зимнан, беш аз 100 адад арзу муроҷиат, мактубу дархост, номаҳои сипосу муборакбодӣ дар натиҷаи эълони пешакӣ оид ба баргузории гуфтугӯи мустақим бо сокинон, ки тавассути телевизион ва радиои шаҳрӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт, аз тариқи телефон, почтаи электронӣ, саҳифаи «Нома ба хона»-и сомонаи хусусииhttp://isfararadio.tj ворид гардида, раиси шаҳр дар раванди гуфтугӯи мустақим имкон дошт, ки арзи дили 46 нафар сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва ҳам зодагони Исфарамарзро аз кишварҳои хориҷ шунавад.
Матни пурраи мавод дар сомонаи
http://www.faraj.tj/index.php/tj/musohiba/12764-alo-sha-rdori-isfara-g-sh-mekunad.html