Фарзонаи Умаралӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Самак», ки муассисаш Маркази тадқиқоти журналистии Точикистон мебошад, барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар гардид.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун дар бахши адабиёт, рӯзноманигорӣ, ҳунар, меъморӣ ва технологиро ҷамъбаст намуд.
Кумитаи мазкур ба он ҷавононе, ки дар ин бахшҳо фаъолияти муассир доштанд, ба мукофотҳо қадрдонӣ намуд.
Ҳамзамон, дар бахши Рӯзноманигорӣ, Бахтовар Каримов, сармуҳаррири «Ҷавонони Тоҷикистон», Муллораҷаб Юсуфзода собиқ хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ», Исматуллои Ҳабибулло корманди ТВ «Баҳористон» ва дигарон ба ҷоиза ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон доир гардид, ки раиси Кумитаи мазкур Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, барандагони ҷоизаҳоро табрик намуд.
Ҳамчунин ҷавонони фаъоли кишвар бо ҷоизаи мазкур дар соҳаҳои адабиёт, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ қадрдонӣ карда шуданд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12706-khabarnigori-samak-barandai-oiza.html