Ҳамдардии созмонҳои журналистии Тоҷикистон

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо нашри як номаи дастаҷамъӣ аз даргузашти ҳамкасбони рус бар асари суқути ҳавопаймо изҳори тасаллият баён намудаанд.

Дар номаи тасаллияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои ВАО — и Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Хома», Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа — консалтинг», ки вобаста ба марги ҳамкасбони рус дар садамаи фоҷиавӣ ба дасти Faraj. tj расид, дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Шояд бисёре аз ин ҳамкасбони мо чанд маротиба дар нуқтаҳои гарм ҳузур доштанд ва бо марг берун аз хоки кишвар рӯ ба рӯ гардидаанд. Аммо марг онҳоро дар Ватани худ ва дар обҳои ватанӣ ғофилгир намуд. Равонашон шод бод!»

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ, Хуршедҷон Ниёзов, Раиси Шӯрои ВАО, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, Шаҳло Акобирова, Роҳбари ТҶ «Хома», Набӣ Юсупов, раиси «Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа — консалтинг».

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12659-amdardii-sozmon-oi-zhurnalistii-to-ikiston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *