«Одил соз», як созмони ҳимоят аз матбуот гуфтааст, ки шумори парвандаҳои марбут ба озодии баён дар Қазоқистон то рафт афзоиш меёбад.
Ба ҳисоби созмон, тайи 11 моҳи аввали соли равон 87 ҳолати таъқиб ва эълони айб дар робита ба озодии баён қайд шудааст, ки соли гузашта ин нишондод 77 ва соли 2014 38 ҳолатро ташкил медод.
Тамара Калеева, раҳбари «Одил соз» афзудааст, ки аз моҳи январ то ноябри соли равон 90 ҳолати эҷоди монеа ба фаъолияти қонунӣ ва касбии рӯзноманигоронро ба қайд гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, бештари ин ҳолатҳо зимни бозтоби ҳамоиши эътирозии 21 апрел дар робита ба ислоҳоти Кодекси замини Қазоқистон мушоҳида шудааст. Зиёда аз 30 ҳолати дигар ба бастан ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ рабт дорад.
Ҳамчунин дар 11 моҳи соли 2016 созмон 84 ҳолати даъвои ҳуқуқии шаҳрвандиро зидди ВАО ва рӯзноманигорон ба қайд гирифтааст. Созмон мегӯяд, ҷамъан соли равон дар Қазоқистон 95 парвандаи ҷиноии марбут ба озодии баёнро сабт кардааст.
Дар 49 ҳолат бо айби туҳмат ва дар 12 ҳолат бо гумони паҳни иттилои бардурӯғ парванда боз гардидааст, ки аз миён 6 даъво қонеъ карда шудааст.