Муллораҷаб ҷойи аввалро гирифт

Дар озмуни беҳтарин тадқиқоти журналистӣ, ки аз сӯи намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон (IWPR) баргузор гашт, Муллораҷаб Юсуфӣ сазовори ҷойи аввал гашт.

Маросими ҷамъбастии озмун дирӯз, 16 декабр дар шаҳри Душанбе доир гашт ва доварони озмун “Дуздии будҷет: аз кӯчарубӣ то…”-и Муллораҷаб Юсуфиро беҳтарин тадқиқоти журналистӣ донистанд.

Ҳамин тавр, тадқиқоти журналистӣ дар мавзӯи “Ришваситонӣ аз таваллудхона то марг”-и Ҷамшеди Маъруф ва Рустам Гулов сазовори ҷойи дувум, тадқиқоти Некрӯз Наврӯзов ва Машҳур Имомназаров дар мавзӯи “Бадахшон: Автобусҳои президентӣ туъмаи кӣ шуданд?” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

 Ҳамчунин муаллифони чанд тадқиқоти журналистӣ бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ карда шудаанд: Хилватшоҳи Маҳмуд бо ҷоизаи “Мавқеи шаҳрвандӣ”, Ёқуб Ҳалимов ва Мавзуна Абдуллоева бо ҷоизаи “Мубориза бо ришваситонӣ дар маориф”, инчунин Мижгона Ҳалимова бо ҷоизаи “Ҳуқуқи занон ва кӯдакон”сарфароз гаштаанд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12575-mullora-ab-oji-avvalro-girift.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *