Зарари ба хабаргузории “Авесто” расида ҳисоб мешавад

Масъулини хабаргузории “Авесто” мегӯянд, кормандони Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” ба ҳисобу китоби хисороти аз фурурезии айвон расида шурӯъ кардаанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори ин оҷонсии иттилоотӣ ба “Озодагон” гуфт, ҳоло кормандони “Шарқи озод” ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Шаби гузашта як қисмат айвони ошёнаи 12-и бинои “Шарқи озод” рӯйи боми дафтари “Авесто” рехта, онро хароб кард.

http://www.ozodagon.tj/index.php?newsid=28724

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *