Бахшдида ба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 –юми декабри соли равон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегирдад, ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсус нашр намуд.
Тавре мудири шӯъбаи сиёсат, ва робита бо ҷомеаи ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» Мазҳаб Ҷумъа ба Faraj.tj иттилоъ дод, шумораи махсус аз 24 саҳифа иборат буда, дар он навигариҳои мақомоти андози кишвар, аз ҷумла семинар-машваратҳое ки бо тарзи онлайнӣ баргузор мегарданд, терминалҳои нав дар мақомоти андози кишвар, мақомоти андоз аз Паём то паём, тамғагузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, гуфтугӯ бо таҷҳизоти муосир, ҳукумати электронӣ, имтиёзҳои андоз барои андозсупорон, истифодаи мошинҳои назорати хазинавии дорои таҷҳизоти интиқодиҳандаи электронӣ ва маркази коркарди маълумотҳо нашр гардидааст.
«Ичунин мусоҳиба бо сардори Худамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, мақолаҳои муовини вазири саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузизода Акрам ва муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев ва андешаҳои шаҳрвандон перомуни Паёми солонаи Пешвои миллат ба табъ расидааст»,-афзуд ӯ.
Манбаъ мегӯяд, навгониҳое, ки аз Паём то паём дар мақомоти андози кишвар рух додааст, дар ин шумораи махсус ба таври муфассал дарҷ гардидааст.