Ширкати Tcell рӯзҳои 12-13-уми декабр дар Tcell Plaza барои журналистон ва идоракунандагону коргарони ширкатҳои гуногун тренинги амалӣ бо номи “Digital workshop” гузаронид.
Якчанд сол пештар фақат донистани SEO-пешбарӣ (SEO-продвижения) кофӣ буд, ки ширкати худро дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ таблиғ кунед. Аммо соҳаи интернетӣ ҳамеша дар пешрафт аст. Имрӯз усулҳои нави муаррифӣ- digital-marketing пайдо шудааст, ки барои ҳамагон муфид аст.
Digital marketing» ин имкони муаррифии маҳсулоту ширкат бо усулҳои гуногун тариқи телевизион, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, радио ва дигар расонаҳои мултимедиявӣ аст. Давоми ду рӯз иштирокчиён имкон пайдо карданд аз нозукиҳои digital огоҳ шаванд ва асрори корро омӯзанд.
Барои омӯхтани асрори падидаи нав дар соҳаи таблиғ ширкати Tcell Денис Баталинро аз Маскав даъват карда буд. Денис Баталин бизнес –тренер, маслиҳатчӣ, мутахассиси маркетинги digital-ӣ ва рекламаи онлайнӣ аст.
Ӯ дар ширкатҳои бузургтарини Русия фаъолият карда дар сохтан ва пеш бурдани кори сомонаҳо кӯмак мекунад. То имрӯз бештар аз 200 барномаро амалӣ кардааст. Кети Пирцхалава директори раёсати комуникатсионии Tcell дар оғоз гуфт:
“Имрӯз ягон ширкат наметавонад берун аз ҷаҳони технологӣ бошад. Ин ғайриимкон аст. Барои ҳамин ширкати мо ин тренингро ташкил кард, то дар рушди раванди комуникатсионгӣ саҳмгузор бошад”.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12554-digital-workshop-i-tcell-baroi-zhurnaliston.html