Хабарнигори “Фараж” дар вилоят ҷойи дувумро гирифт

Хуршед Фозилов, хабарнигори ҳафтаномаи сиёсӣ- ҷамъиятии «Фараж» дар озмуни «Хомаи созанда», ки дар вилояти Суғд доир гашт, сазовори ҷойи дувум гардид.

Озмуни «Хомаи созанда», ки ҳамасола дар байни журналистони вилояти Суғд гузаронида мешавад, имрӯз 6-уми декабр ҷамъбаст гардид.

 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба рӯзноманигорон мукофотҳои пулӣ ва дипломи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуда, таъкид дошт, ки саҳми рӯзноманигорон дар инъикоси масоили мубрами рӯз бориз аст:

«Маҳз фаъолияти пурсамари шумо аст, ки чорабиниҳои сатҳи давлатӣ аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Фестивали «Оши палав», фестивали «Адрасу атлас» ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи хуб ба ҷаҳониён инъикос карда мешавад»,-афзудааст раиси вилоят.

Дар озмуни имсолаи «Хомаи созанда-2016» беш аз 80 нафар журналистон иштирок намуда, 37 нафарашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Маблағи умумии ин озмун 150.000 сомониро ташкил медиҳад ва он 3 сол аст, ки баргузор мегардад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12479-khabarnigori-farazh-dar-viloyat-oji-duvumro-girift.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *