ВКХ ҳуҷҷатҳои хабарнигоронро баргардонид

Ҳуҷҷатҳои кории шаш хабарнигори Радиои «Озодӣ», ки чанде қабл аз сӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бозпас гирифта шуда буд, ба соҳибонашон дода шудааст.

Дар ин бора торномаи ин Радио хабар медиҳад.

«Шаш хабарнигори Радиои Озодӣ — Мирзонабии Холиқзод, Амриддини Олим, Шодмони Ятим, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров ва Муҳаммадвафо Ризозода, ки рӯзи 25 ноябр Вазорати хориҷии Тоҷикистон муҷаввизи онҳоро ба таври муваққатӣ қатъ карда буд, баъди барқарор шудани аккредитатсияҳо дубора ба кор баргаштанд».

Манбаъ мегӯяд, Радиои «Озодӣ аз бозгашти хабарнигоронаш ва шурӯи дубораи фаъолияти онҳо изҳори қаноатмандӣ мекунад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12475-vkkh-u-at-oi-khabarnigoronro-bargardonid.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *