Рӯнамоии се китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар факултаи журналистика

Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз се китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯнамоӣ кардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии факултаи журналистика, ин китобро устодон ва донишҷӯёни факулта таҳия кардаанд. Манбаъ мегӯяд, китоби “Пешвои миллат дар шинохти миллӣ” бо ибтикориЗиёрат Киромзода, донишҷӯйи курси 4 мураттаб шуда, онро Моҳира Мирзоева, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ таҳрир кардааст. Китоби дуввум бо номи “Пешвои миллат”-роСангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ муҳаррирӣ кардааст. Асари севуми рӯнамоишуда “Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон” унвон дорад.

Ба иттилои манбаъ, чанд нусха аз ин китобҳо ба китобхонаи “Ганҷинаи Воҳид Асрорӣ”-и факулта тақдим шудааст.

http://www.ozodagon.tj/28369-rnamoii-se-kitob-dar-borai-emomal-ramon-dar-fakultai-zhurnalistika.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *