Ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Тоҷикистон» барои дарёфти Ҷоизаи махсуси худ — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2016 озмун эълон мекунад.
Тавре аз ҳафтаномаи мазкур ба Faraj.tj иттилоъ доданд, ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳ Шерализода Нишони сарисинагӣ буда, ҳамасола як маротиба пас аз гузаронидани озмун дар мавзӯъи мушаххас ба ғолиб тақдим мегардад.
Манбаъ мегӯяд, ғолиби озмунро Шоҳҷоиза – Нишони сарисинагӣ, ҳуҷҷат, диплом ва 2000 сомонӣ маблағ мунтазир аст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» соли гузашта бахшида ба ёдбуди 70-солагии аввалин сардабири рӯзномаи «Садои мардум», вакили Шӯрои олӣ, аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ Ҷоизаи махсусеро ба номи Муродулло Шерализода таъсис дода буд. Қарор аст имсол ба муносибати 25-солагии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» барои аввалин бор ин ҷоиза супорида шавад.
Бунёдгузори Ҷоиза тасмим гирифтааст, ки имсол ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба муаллифи беҳтарин мавод (бе назардошти жанр), ки дар мавзӯи одаму одамгарӣ эҷод шудааст, супорида шавад.
Аз ҳафтаномаи мазур иттилоъ дода гуфтанд, гӯшае, ки дар нашрия зери он маводи озмун чоп мешавад, «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» номгузорӣ шудааст.
«Билхоса, ки одаму одамгарӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон, умуман ҷомеаи ҷаҳон хеле муҳим ва сарнавиштсоз аст. Одамият сарчашмаи ҳама накуиҳо ва пешравиҳост. “Сад сатр аз одаму одамгарӣ” ном гирифтани гӯша ҳам рамзист»,- афзуд манбаъ.
Маводҳое, ки дар мавзӯи одаму одамгарӣ пешниҳод мегарданд, бояд на беш аз 2 саҳифаи компютерӣ бо шрифти 14 бошанд. Матлаби барои озмун фиристодашуда дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» чоп мешавад.
Муҳлати фиристодани мавод барои озмуни «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» то 1-уми марти соли 2017 дар назар дошта шудааст. Озмун дар рӯзи 25-солагии ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки моҳи марти соли 2017 ҷашн гирифта мешавад, ҷамъбаст мегардад. Ғолиби озмун бо нишони сарисинагии Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва дипломи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» сазовор гардонида мешавад.
Муаллифон метавонанд маводҳои худро ба почтаи электронииodili.nozir@mail.ru, tojikiston@pressa.tj, tojikiston-1992@mail.ru ва ё бевосита ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ирсол кунанд.