«Пайк», нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон ду ҳафта боз бо сабаби мушкилоти молиявӣ нашр намегардад.
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мазкур омили ду ҳафта боз аз фаъолият боз мондани нашрияашро мушкилоти молӣ номида мегӯяд, “намояндагии бонки “Агроинвестбонк” дар минтақаи Кӯлоб дар пардохти маблағи нашрия саҳлангорӣ мекунад ва ба ин далел “Пайк” ҳафтаи дуввум аст, ки чоп намешавад”.
Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ҳарчанд барои нашри ду шумора дар бонк маблағ доранд, вале наметавонанд маблағи лозимаро барои интишори нашрияи «Пайк» дастрас намоянд.
Бино ба таъкиди ӯ, бонк ба онҳо маблағи 500 сомонӣ медиҳад, ки ин барои чопи нашрия кифоя нест.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12193-nashriyai-musta-il-du-afta-boz-az-nashr-mondaast.html