Тавре хонандагони сомона хабар доранд, хабарнигори ҷавони ҳафтаномаи «Фараж» Доро Суҳробӣ барои ҳимоят аз як зани «газводафурӯш» дар бозори «Деҳқон» аз ҷониби кормандони милиса дар бинои шуъбачаи Шуъбаи корҳои дохилии Сино-1-и шаҳри Душанбе латукӯб шуда буд.
Омӯзиш нишон дод, ки муфаттишони Раёсати бехатарии ин вазорат ба ҷойи пайдо кардани шахси ҷинояткор Доро Суҳробиро то беҳуш шуданаш мавриди бозпурсӣ қарор дода, сари ҳар чанд вақт пешниҳод мекардаанд, то баёноташро дигар кунад. Барои рӯ ба рӯ кардан бо вай шахсони тамоман бегонаро овардаанд, ки миёни онҳо ягон нафар аз иштирокчиёни қазия набудаанд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон бозомӯзии масъаларо баъди муроҷиати Доро Суҳробӣ ба зиммаи Прокуратураи ноҳияи Сино-1 гузоштааст. Дар он ҷой маълум шудааст, ки аллакай беш аз панҷоҳ баёноти фурӯшандагони бозори «Деҳқон»-ро ҷамъ кардаанд, ки ҳамааш ба як мазмун аст: «Латукӯбу боздошти касеро надидаем, нашунидаем».
То ҳанӯз мақомоти тафтишотӣ аз ифшои он, ки он милиса кӣ буд, худдорӣ мекунанд, ҳарчанд ин «қаҳрамон» ба журналистон барвақт маълум гардидааст ва пуштибононаш ҳам маълуманд.
Бо дарназардошти ин далелҳо созмонҳои журналистии кишвар ва шабакаи адвокатҳо дар кишвар тасмим гирифтанд ҷиддӣ пайгири ин қазия шаванд ва ҳақиқатро худашон рӯйи об бароранд.
Дирӯз вохӯрии аввалини ин гуруҳ иборат аз 25 нафар пушти дарҳои баста сурат гирифт. Бояд гуфт, ба гуруҳ маъруфтарин журналистони тадқиқотгари ҷумҳурӣ, адвокатҳои маъруф, раҳбарон ва сардабирони нашрияҳо ва сайтҳои интернетӣ шомил шуданд. Нақшаи корӣ тартиб дода шуда, пеши ҳар як узви гуруҳ вазифаи мушаххас гузошта шуд. Аз натиҷаҳои кори гуруҳ хонандагонро огоҳ хоҳем кард.