Тавре хонандагон аз сайти интернетии faraj.tj ва нашрияи «Фараж» хабар доранд, гуруҳи донишҷӯён аз он шикоят карда буданд, ки ронанда ба хоҳиши онҳо оид ба паст кардани мусиқӣ дағалона ҷавоб дода, баъдан ба ҷанги тан ба тан даъват кардааст.
Дирӯз дар шаҳрдории Душанбе вобаста ба шикояти ҷавонон аз дағалии ронанда бо раисии Тоҳир Нарзуллоев, намояндагони ҶДММ “Роҳи тиллоӣ” ва ҷабрдидагон вохӯрӣ гузаронида шуд. Маълум карданд, ки “қаҳрамон” дар ширкати ҶДММ “Роҳи тиллоӣ” фаъолият карда, Ҷумаев Фарҳод Кароматуллоевич мебошад. Ҷумаев Фарҳод ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо донишҷӯён ба гуноҳаш иқрор шуда, аз онҳо бахшиш пурсидааст.
Намояндаи ҶДММ “Роҳи тиллоӣ” хабар дод, ки вобаста ба ин масъала дар “Роҳи тиллоӣ” суратмаҷлис гузаронида, бо ӯ шартномаи корӣ қатъ карда шуд.
Дар нусхаи суратмаҷлис, ки ба дасти мо расид, омадааст: “… Маҷлис қарор кард: ҶДММ “Роҳи тиллоӣ” бо ронандаи микроавтобуси Х/с №8, қайди давлатиаш 1851 тт 05 Ҷумаев Фарҳод Кароматуллоевич барои қоидавайронкунии дағалона шартномаи ҳамкориро қатъ намуд”.
Ёдовар мешавем, ки аксари донишҷӯёни мазкур тарбиятгирандагони мактаби рӯзноманигории назди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, барои исботи даъвои хеш сабтҳои видиёӣ ва аксҳоро доштанд.