Маҳмадсаид Убайдуллоеви муҳтарам!
Пеш аз ҳама мехоҳам изҳори миннатдории худро ба Шумо расонам, ки пойтахти кишварро ба як шаҳри амну субот табдил додед ва аз ин рӯ дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз Душанбе ба сифати як шаҳри намуна ёдоварӣ мекунанд.
Дар ҳоле кӯшишҳои Шумо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои он равона гардидааст, ки шаҳри Душанбе, пойтахти тоҷикон, чун шаҳри амну осуда барои ҷаҳониён муаррифӣ гардад, бадбахтона амалҳое сурат мегиранд, ки боиси барҳадар рафтани ин ҳама кӯшишҳо ва чун шаҳри пурхатар муаррифӣ шудани Душанбе мегарданд.
Шояд ҷузъиёти ин қазияро Шумо то имрӯз донистаед, вале фикр мекунем, чанд нуқтаи муҳим аст, ки эҳтимол аз онҳо Шуморо бохабар накардаанд…
18 сентябр, тақрибан соати 16.30 ба 17.00 хабарнигори ҳафтаномаи мо — “Фараж” мавриди латукӯби як корманди милиса қарор гирифт. Журналист тақрибан соати 16 — 16:30 дар бозори «Деҳқон» — и “Гипрозем” шоҳиди кашмокаши як зани «газводафурӯш» — и тахминан 55-сола бо марди мулкипӯш мешавад. Мардуми зиёде гирди онҳо ҷамъ омада будаанд. Зан бо овози баланд фарёд мезадааст, ба ин мазмун, ки “дирӯз 100 сомонӣ додаам” –у “ҳар рӯз пул аз куҷо ёбам, ки боз диҳам? “Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд — ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ?»,- бо алам мегуфтааст зан.
— Ман хостам аз ҳолати кор воқиф шавам, — нақл мекунад Доро Суҳробӣ, хабарнигори мо.
— Ба он мард наздик шуда, гуфтам, ки “бародар, чаро тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунед? Ин зан чӣ гуноҳ дорад?” Суратгирак дар гарданам овезон буд. Он мард ба тарафи ман гашта гуфт, ки «ту — қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ? Суратамро мегирӣ?», — гуфта, суратгиракро аз дастам гирифт, «флешка» — ашро берун овард ва ба як милиса, ки ҳамроҳаш буд, фармон дод: «гир, ӯро ба «отдел» бар, «разбират» мекунем».
Ба қавли Доро,милиса гӯё ҷинояткорро дастгир карда бошад, дастонашро ба пушташ тоб дода, сарашро хам карда, кашон — кашон ӯро ба шуъба бурдааст. Дар роҳ пойафзоли Доро ба сими қади роҳ дармемонад ва аз пояш берун мешавад. Ҳамин тавр, ӯро бо як пойафзол ба биное овардаанд, ки дар пештоқаш ин навиштаҷот буд: “Милитсия”.
— Зане, ки ман аз ӯ ҳимоя карда будам, то назди шуъба аз қафоям омад, — ба хотир меорад Доро. — Вале ӯро даромадан намонданд. Мешунидам,ки ӯ мегуфт, «ман аз болои шумо шикоят мекунам! Шуморо ин хел намемонам! Ӯро назанед!».
Дар даруни бино 6 нафар буданд. Доро ҳуҷҷати рӯзноманигориашро нишон дода, гуфт, ки журналист аст. Ин лаҳза чанд нафар аз берун даромаданд ва ҳамон марди дар бозор вохӯрдааш, ки бо зани газводафурӯш хархаша дошт, бидуни ҳеҷ пурсупос ба латукӯби ӯ сар кард. Ин нафар либоси мулкӣ дошт. Дорои лоғар ба зарбаҳои ин фарди тануманд тоб наоварда, ба замин афтод ва аз ҳуш рафт.
— Ба ҳуш омадам, ки ба рӯям об пошида истодаанд. Касе маро халос намекард. Он нафаре, ки либоси мулкӣ дошт ва маро латукӯб мекард, худашро муаррифӣ накард. Бо як оҳане, ки барои пардаи хонаҳо ё шифонерҳо истифода мешавад ва ранги арзиз дошт, маро мезад. Ман худро бо дасти ростам ҳимоя мекардам. Мегуфт: «Ту боз «будик» будай — ҳа?! Э кисаҳоша кове, дар кисааш «наша» дора! Ҳе, очата…», — гуфта таҳқиру дашномҳои қабеҳам мекардааст.
Пас аз беҳушӣ дасту пои Доро ба ларза даромаданд. Он мард пушти миз нишаст. Аммо ҳамоно тасфаш паст нашуда буд. Ҳар замон боз таҳқиру ҳақорат карда, бо асбобҳои рӯи миз таҳдиди задан мекард. Доро пушти яке аз милисаҳо худашро пинҳон менамуд. Хулоса, баъди чанде ӯро ором карданд. Доро қисса мекунад:
— Пойафзоламро дӯзонда оварданд. Флешкаамро доданд. Дидам, ки шикаста аст. Оне, ки маро латукӯб кард, ором шуд ва 50 сомонӣ дод, ки “флешка” – и нав харам. Намехостам ин пулро гирам, аммо аз тарс қабул кардам. Дар поям мадор намонда буду сарам чарх мезад. Оне, ки маро латукӯб кард ва либоси мулкӣ дошт, бо иттифоқи ду нафари дигар, ки либоси милиса ба тан доштанд, маро то сари роҳ гусел карданд. Дар охир гӯё, ки пушаймон шуда бошанд, гуфтанд, ки “ин ҳодисаҳо мешавад”. Хоҳиш карданд, ки ба ягон ҷой шикоят набарам…
19 сентябр Доро ба идораи нашрия омада, он чиро, ки ба ӯ рух дод, нақл кард. Хабари латукӯби ӯро тамоми расонаҳо пахш карданд. Баҳси боздошти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баррасии васеъи ҷомиа кашида шуд.
Худи ҳамон рӯз кормандони Хадамоти бехатарии дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вориди амал шуда, ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ — 16 омаданд. Он ҷо ӯ ба номи Вазири корҳои дохилӣ ариза навишт. Пас аз ин гуруҳи тафтишотии Хадамоти бехатарии дохилии ВКД Дороро ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ – судии вазорати тандурустии Тоҷикистон барои ташхис бурданд. Ҳарчанд зуҳри ҳамон рӯз Доро ба ин Марказ омада, аз ташхис гузашта буд, бори дигар ӯро ташхис карданд.
Сипас Доро бо иттифоқи кормандони ВКД ба ҳамон шуъбаи хурд дар “Гипрозем” рафт. Бино ҳамон бино буд. Аммо тамоми шавоҳиди латукӯби ӯ, аз ҷумла ҳамон оҳанчӯб, вуҷуд надоштанд. Доро мегӯяд:
— 3 касро барои шиносоӣ оварданд, ки ҳеҷ яке ҳангоми латукӯби ман набуд. Тамоман нафарони ношиносро бо ман рӯ ба рӯ карданд. Аз оне, ки сари миз нишаста, мисли як роҳбар маро сиёсат мекард, нишон набуд. Ҳамзамон зани газводафурӯше, ки ман барои ҳимоят хеста, то “отдел” омад, умуман ғайб зада буд. Як зани шоҳиди дигар ҳам, ки чолоб мефурӯхт ва субҳ аз ман пурсид, ки “туро зада буданд?”, низ нахост ба нафъи ман шоҳидӣ диҳад. Ман онҳоро мефаҳмам, зеро зиндагии онҳо тамоман дигар аст ва пас аз шоҳид гузаштанашон шояд мушкил пайдо кунанд.
Рӯзи 20 сентябр Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ – судии вазорати тандурустии Тоҷикистон хулосаи худро дар бораи латукӯби Доро Суҳробӣ, рӯзноманигори “Фараж” дод.
Дар хулосае, ки бо имзои Маҳмуд Хайруддинов, эксперти тибби судии ин Марказ, дар дастраси мо қарор гирифт, омадааст, ки ҷароҳатҳои ҷисмонии Маҳкамов Дороҷон Суҳробҷонович (соли таваллудаш 1996) “дар намуди харошаҳо ҳамчун ҷароҳатҳо бо расонидани зарар ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта мансуб дониста мешаванд, чунки чунин ҷароҳатҳо зудгузаранда буда, ҷисми инсонро то 6 рӯз ноором месозанд”.
Дар идомаи ин хулоса омадааст, ки ҷароҳатҳои фавқуззикр, яъне “харошаҳои сатҳи болоияшон бо калахши қаҳваранги сахтчатоб, баландтар аз сатҳи пӯсти солим қароргирифта” аз он шаҳодат медиҳанд,ки ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд, эҳтимол, 2 — 3 рӯз пеш аз муроҷиат, ки санаи 19. 09. 2016-ум сол гузаронида шуд, ба вуҷуд омада бошанд”.
Тавре аз ташхиси Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ – судӣ бармеояд, ҷароҳатҳои ҷисмоние, ки ӯ бардоштааст, ба зудӣ шифо хоҳанд ёфт. Аммо ҷароҳати равонӣ ё маънавие, ки Доро Суҳробӣ, журналист ва шоири ҷавон, ки акнун ба синни 20 қадам мондааст, кай шифо меёбанд? Даҳҳо журналисти пиру ҷавон, ки новобаста аз мушкилоти молиявӣ ва маошҳои паст ҳанӯз дар ин ҷабҳа – расонидани мушкилоти ҷомиа ба ҳукумат ва набарди иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон қаламу алам мекашанд, дар кадом ҳадду андоза зарари маънавӣ диданд? Болотар аз ин, зарареро, ки ба имиҷ ё обрӯву эътибори байнулмилалии Тоҷикистон, хоса пойтахти он ва он ҳам аз ҷониби як корманди ҳифзи тартибот мерасад, ки бе ин ҳам барои фишор ба рӯзноманигорон интиқод мешавад, кӣ ҳисоб мекунад? Намепурсем, ки кӣ инро ҷуброн мекунад, зеро обрӯ ҷуброн намешавад. Суол пайдо мешавад, ки обрӯи Тоҷикистонро кӣ мерезонад: мо ё ин гуна намояндаҳои ҳукумат?
Боварнокарданист, ҷои шарм аст, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқ надонад журналист кисту чӣ вазифа дорад. Нафратовар аст, ки масъули ҳукумат ба як ҳаммиллати худ ба ин шева таҳқири маҳаллиро истифода кунад ва шарафу каромати як инсонро паст занад, вақте наздиктарин инсонашро ҳакорат медиҳад. Агар гунаҳкор намебуд, чаро пинҳон шуд?
Муҳтарам Раис!
Бо вуҷуди он ки аз ин ҳодиса ин қадар рӯз гузаштааст, то ба ҳанӯз “наметавонанд” он шахсро пайдо кунанд. Аниқтараш, шояд хуб медонанд кӣ аст, аммо бо кадом сабабҳое аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунанд.
Магар шӯъбачаи милитсия ба ин ҳад бесоҳиб аст ки касе хоҳад, кадом вақте хоҳад, касеро хоҳад оварда латукӯб мекунаду масъулини ин шӯъба намедонанд вай кист?
— Магар ин маънои онро надорад, ки дилхоҳ шӯъбачаи милитсия метавонад ҷойи дилхоҳ ҷиноят шавад?
— Магар ин шӯъбача зери назорати дурбинҳои назоратӣ нест?
— Чаро масъулони мақомоти милиса наметавонанд ҷиноятеро ки дар дохили шӯъбачаи худашон сурат гирифтааст, фош кунанд?
Болотару бештар аз ин ин, ҳама ҳаводиси фантастикӣ дар шаҳре иттифоқ меуфтад, ки Шумо – “писари қонун” раҳбарии онро ба уҳда доред ва барои як шаҳри мутаммадину қонунманд намудани Душанбе талош меварзед. Мо намехоҳем бовар кунем, ки дар ин шаҳр, ки Шумо ҳатто ба пайвандони худ, агар аз доираи қонун берун рафтанд, раҳм намекунед, дубора беҳуқуқиву беқонунӣ ҳукмфармо мегардад.
Умеди мо ба Шумо аст ва бовар дорем, ки ин масъаларо дар доираи қонун чораҷӯӣ хоҳед кард.
Бо эҳтиром:
Ниёзов Хуршед (Хуршед Атовулло)
Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон
Раиси Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон