Дар шаҳри Панҷакент барои хонандагони мактаб маҳфили рӯзноманигорӣ таъсис дода шудааст.
Ин маҳфил бо ибтикори маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Панҷакент ташкил гардидааст. Ба маҳфил хонандагони макотиби шаҳр ҷалб гардида, аз алифбои рӯзноманигорӣ бархурдор хоҳанд шуд.
Бо хонандагон рӯзноманигори шинохта, сармуҳаррири газетаи «Фарвардин» Т. Солеҳсода машғулият мегузаронад.
Ҷаноби Солеҳзода афзуд, аввалин дарс дар мавзӯи «Рӯзноманигорӣ чист ва рӯзноманигор кист»? баргузор шуд. Маҳфил ҳар ҳафта як маротиба доир мегардад.
-Мақсади мо кӯмак ба нафароне, ки ба ин касб шавқу рағбат доранд, мебошад, — гуфт Солеҳзода.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11962-ta-sisi-ma-fili-r-znomanigor.html