Панҷакент: Пешниҳоди рӯзноманигорон барои рушди туризм

Дар Рӯзи байналмиллалии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27-уми сентябр доир мешавад, яке аз асосгузорони соҳаи сайёҳӣ Абдурасул Шарифбадалов бо рӯзноманигорон мулоқот доир намуд.

Мулоқот дар чойхонаи миллии «Саёҳат»-и шаҳри Панҷакент, ки бо нақшу нигор ва ороиши миллӣ бунёд шудааст, баргузор шуд.

Дар мулоқот аз бурду бохтҳои соҳаи ҷаҳонгардӣ, ҷалби сайёҳон, рушди ин соҳа сухан рафта чандин таклифу пешниҳодҳо аз тарафи журналистон ироа гардид.

Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар ин чойхонаи «Сайёҳ», ки тобеъи базаи ҷаҳонгардии «Панҷакент Интур» аст, маркази рушди ҷаҳонгардӣ дар водии Зарафшон таъсис дода шавад.

Пешниҳодкунандагон гуфтанд, бояд ин марказ барои бозомӯзии ширкатҳои сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳои кӯҳӣ, муаррифии мавзеъҳои дидании водии Зарафшон ва ҷойҳои таърихӣ, Панҷакенти қадим ва Ҳафткӯл барои ҷаҳониён мусоидат намояд.

Умед карда шуд, ки ин пешниҳод аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Худи Абдурасул Шарифбадалов мақсади таъсиси чунин чойхонаро, ки дорои аҳмияти этнографӣ аст, барои рушди ин соҳаи ҷаҳонгардӣ арзёбӣ намуд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11917-pan-akent-peshni-odi-r-znomanigoron-baroi-rushdi-turizm.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *