Сафват Бурҳонов ба таҳлилгарони Ҳукумат: Президентро ба роҳи маҳвшавӣ набаред!

Журналисти муҳоҷири тоҷик Сафват Бурҳонов дар саҳифаи фейсбукияш ба таҳлилгарони Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, ба чанд хатои сиёсии Ҳукумат, аз ҷумла дар бархурд бо ҲНИТ — ҳизби акнун дар Тоҷикистон мамнуъи исломӣ ишора кардааст.

Вай дар ин муроҷиатномааш аз оқибатҳои зиёновари ин тасмим ҳушдор додааст, ки ба назари ӯ, наметавонист танҳо аз Президент Эмомалӣ Раҳмон бошад, балки «барои ҳар ҳарфи Президент садҳо таҳлилгарон асосу субут омода мекунанд». Инак муроҷиати журналист Сафват ба Бурҳонов ба таҳлилгарони ҳукумати Тоҷикистон:  

«Ба аналитикҳои ҳукумати Тоҷикистон
Бовар кунед, шуморо эҳтиром дорам, лекин аз камбудиҳотон дӯстона менависам, хафа нашавед.

Барои мисол гирудори ҳукумат бо ҲНИТ ро меорам ва «разбор полётов» мекунем. Худатон хулоса кунед, ки оё дар сиёсати имрӯзи давлати мо принсипи дурандешӣ ҷирён дорад, ё не.

1. Оё то даме ҲНИТ як ҷузъи таркибии сиёсати кишвар буд, мушкиле барои амнияти миллӣ вуҷуд дошт? Не!

2. Аз рӯзе, ки ҲНИТ ро «сиёҳ» эълон кардед, мушкилоти амниятии кишвар бештар шуд, ё не? Шуд!

3. Бо ибтикори шумо ҲНИТ ронда шуд ва имрӯз ҳама платформаҳои Аврупо барош боз аст? Оре!

4. Садҳо суратҳисоби сарватмандони Тоҷик, ки ҳамагӣ шомили ҳукумат ҳастанд, зери таҳрим рафт? Рафт!

5. Шояд шумо надонед, аммо аз ҳисоби ин оффшорҳо Раҳмон дар як шаб 14 ҳазор тонна оҳан барои Роғун харида буд. Оё ҳоло метавонад? Не!

6. Ҳоло ҳукуматро зидди онҳое мешӯронед, ки ҳиҷрати Аврупо доранд. Як бор андеша кунед, ки чаро ҳукумати 162 миллион муҳоҷир зидди онҳо намешӯрад ва чаро бояд шумо шӯред?

7. Маслиҳати охиринам ба шумо: гар шиновар нестӣ по бар лаби дарё намон! Сиёсат санъати нозук аст! Агар надонед, мардумро аз роҳ набаред.

Раҳмонуфе, ки мешинохтам, як Тоҷик буд ва барои ҳар Тоҷику як ваҷаби Тоҷикистон ҷони худро омода буд бидиҳад…. Ӯро ба роҳҳои хато напартоед!

Ҳич президент аз пеши худ ҳич қароре намебарорад. Барои ҳар ҳарфи президент садҳо аналитик асосу субут омода мекунанд. Шуморо мешиносам. Илтимос ба миллат ва хусусан ба касе, ки аз дасташ нон мехуред, хиёнат накунед. Президентро ба роҳи маҳвшавӣ накашед!.

http://www.tojnews.tj/tj/news/safvat-burkhonov-ba-takhlilgaroni-khukumat-prezidentro-ba-rokhi-makhvshavi-nabared

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *