Иштироки тренерони байналхалқӣ дар Лоиҳаи ТҶ «Хома»

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” омӯзишро аз рӯи модули “Дата журналистика” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” идома медиҳад.

Лоиҳа аз ҷониби Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадади Тоҷикистон ва Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Лоиҳа ба беҳтаршавии идораи молияи давлатӣ, самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти буҷаи давлатӣ равона буда, ҳамзамон барои баландшавии дониши молиявии аҳолӣ тариқи рушди журналистикаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз 22 то 26 августи соли ҷорӣ барои иштирокчиёни лоиҳа тренинги навбатӣ таҳти унвони “Дата журналистика ва ҳисоботҳои буҷетӣ” баргузор мешавад.

Тренерони ботаҷриба аз Тоҷикистон ва Россия ба иштирокчиён дата журналистика ва шаклҳои он, визуализатсияи маълумоти ҳаҷман калон тариқи сомонаҳои хизматрасонӣ дастрас ва ҷустуҷӯи иттилои заруриро аз миёни маълумоти зиёд меомӯзонанд ва дар истифодабарии базаҳои маълумотии хориҷӣ кӯмак мекунанд.

Дар рафти кори тренинг ба иштирокчиён маълумоти ҷолиб оид ба усулҳои тадқиқотҳои молиявӣ (мисолҳо аз ВАО-и хориҷӣ), ҷустуҷӯ ва таҳрири маълумот, инфографикаи статикӣ ва лоиҳаҳои интерактивӣ ва инчунин технологияи сохтани дата-лоиҳаҳо пешниҳод мегардад.

Омӯзиш имкон медиҳад, ки иштирокчиёни лоиҳа дониши молиявиашонро боз ҳам сайқал диҳанд. Мутобиқи барнома онҳо ҷараёни буҷетиро дар Тоҷикистон амиқтар омӯхта, оид ба ташаккулёбии буҷа, вазифаи хазинадорӣ дар иҷрои буҷаи давлатӣ ва инчунин ҳамбастагии буҷаи маҳаллӣ ва миллӣ маълумот пайдо мекунанд. Тренерон тарзи ҷудо кардан, таҳлил намудани маълумотҳоро аз ҳисоботҳои хароҷоти бюджетӣ ва кор бо нишондиҳандаҳои бюджетиро дар барномаи Excel ба иштирокчиён меомӯзонанд.

Дар доираи барнома иштирокчиён дар бораи офшор, муайянкунии фасод, методика ва воситаҳои назорати хароҷоти давлатӣ, харид, тақсимоти маблағу захираҳои буҷети дониши васеъ мегиранд.

Ҳамаи донишҳои андӯхтаи иштирокчиён чун ҳарвақта бо корҳои амалӣ мустаҳкам мегарданд ва дар охири омӯзиш онҳо маводи мустақилона сохтаашонро муаррифӣ мекунанд.

Ба ҳайси тренерони асосӣ рӯзноманигори шинохтаи байналхалқӣ, продюсери лоиҳаҳои чандрасонаӣ ва дата-журналистика Артём Галустян, ва рӯзномангор-тадқиқотчии ботаҷриба, таҳлилгари маркази зиддифасоди «Трансперенси Интернешнл – Россия” Роман Романовский (Калининград) даъват шудаанд. Инчунин бо иштирокчиёни лоиҳа мутахасисони ватанӣ: муовини сардори сарраёсати буҷети давлатӣ — сардори раёсати ҷамъбастии буҷети давлатӣ ва ҷумҳуриявии Вазорати молияи ҶТ Рано Забирова, муовини сардори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ Лола Саидова ва коршиноси масоили идораи молияи давлатӣ, иқтисодчии ботаҷриба Абдураҳмон Наҷмиддинов кор мебаранд.

ТҶ «Хома» барои баландшавии сатҳи касбии журналистон, васеъшавии дониши ҳуқуқии онҳо ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

 Маълумоти бештарро аз сомонаи www.khoma.tj ё тариқи телефони 227 34 78 дастрас мекунед. 

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11670-ishtiroki-treneroni-bajnalkhal-dar-loi-ai-t-khoma.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *