Барои истифодаи калимаҳои бегона дар қонунгузорӣ ягон ҷазо муқаррар нашудааст.
3-юми август Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар қонунгузории кишвар чунин муқаррарот мавҷуд нест.
Ба қавли ҷаноби Шоназаров, “ҷаримабандӣ кардан барои як калима тамоман қобили қабул нест. Мо қонуни забон дорем ва барои риоя накардани меъёри забони тоҷикӣ муҷозот муқаррар шудааст. Аммо барои як калима ин амр (ҷаримабандии журналистон) қобили қабул нест.”
Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ҳоле чунин мегӯяд, ки 2 рӯз пеш Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, рӯзноманигоронро барои истифодаи калимаҳои бегона ҷарима хоҳад кард.
Ӯ ба рӯзноманигори кишвар ҳушдор дод, ки дар сурати нақзи меъёри забони тоҷикӣ ҷарима хоҳанд супорид.
1-уми август Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар нишасти хабариаш гуфт, “ дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд”.
Шарофзода аз он изҳорӣ нигаронӣ кард, ки «рӯзноманигорон дар аксари ҳолат калимаҳои ношиносро дар маводашон истифода мебаранд». «Баъзан то 10 маротиба ва аз он ҳам бештар дар матлаби рӯзноманигорон калимаҳое истифода мешавад, ки барои бинандаву шунаванда ношинос аст. Ба ин тартиб, меъёри қонуни забон вайрон мешавад», — таъкид кард ӯ.
Як комиссияи вижа ба қавли Раиси кумитаи забон барномаи ТВ ва радиоҳо ва ҳамчунин матни рӯзномаҳоро месанҷанд.
Дар назар аст, ки ҷарима барои рӯзноманигорон аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ва барои муассисони онҳо аз 30 то 40 нишондиҳанда муқаррар шавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/yordamchii-prezident-charima-shudani-ruznomanigoron-kobili-kabul-nest