Хонум Шарофзода Рӯдакиро ҳам ҷарима мебандад?

Тасмими нави Кумитаи забон ва истилоҳот дар бораи ҷаримаи журналистон барои вайрон кардани «забони меъёр», (ибораи раиси кумита) боиси нигаронии аҳли қалам шуд. Онҳо мегӯянд, агар Гавҳар Шарофзода, раиси  кумитаи забон медонист, ки бо ин тасмимаш фардо ба осиёби киҳо об хоҳад рехт, асло дар ин бора лаб намекушод.

Комиссиясозӣ

1-уми август Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар нишасти хабарии ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфт: “Дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи  мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима  мешаванд”.

Шарофзода аз он изҳорӣ нигаронӣ кард, ки «рӯзноманигорон дар аксари ҳолат калимаҳои ношиносро дар маводашон истифода мебаранд».

-Баъзан то 10 маротиба ва аз он ҳам бештар дар матлаби рӯзноманигорон калимаҳое истифода мешавад, ки барои бинандаву шунаванда ношинос аст. Ба ин тартиб, меъёри қонуни забон вайрон мешавад, — таъкид кард Шарофзода.

Аз афташ Кумитаи забон ва истилоҳот аллакай дар ин тасмимаш ҷиддӣ аст. Ҳатто як комиссияи вижа ҳам таъсис дода шудааст, ки ба қавли Раиси кумитаи забон ва истилоҳот минбаъд барномаҳои телевизионӣ ва радиоҳо, ҳамчунин матни рӯзномаҳоро месанҷад. Дар назар аст, ки ҷарима барои рӯзноманигорон аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ва барои муассисони онҳо аз 30 то 40 нишондиҳанда муқаррар шавад.

Хонум Шарифзода гуфт: “даъват барои ҷарима супориданро аз рӯзноманигорон, аз кормандони телевизиону радио оғоз мекунем. Журналистон меъёри забони давлатиро бояд бечунучаро риоя карда ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.”

Шарофзода гуфт: “Аз мо мепурсанд, ки «ҳаводис», «мутамаркиз» ё «инфиҷор» чӣ маъно дорад? Инфиҷор ҳамон таркиш аст. Кампири ҳаштодсола луғат намехонад. Рӯзноманигорон менависанд, ки дар як вулусволии Афғонистон боз инфиҷор шуд. Ин чӣ маъно дорад? Мо калимаи таркишро дорем…»

Гавҳар Шарофзода инро гуфту рафт, аммо “таркиш” баъдтар дар Фейсбук рух дод. Изҳороти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба мавҷи вокунишҳои шадиди натанҳо журналистон, балки адибон ва забоншиносон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет рӯ ба рӯ шуд.

Рӯдакиро ҳам ҷарима бандем?

Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик дар вокуниш ба изҳороти раиси кумитаи забон мегӯяд: “Барои истифодаи калимаи “ҳаводис” оё Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ҳам ҷарима кунем? Зеро Рӯдакӣ ҳанӯз 1150 сол пеш калимаи “ҳаводис”-ро истифода бурдааст.

Бирав зи таҷрубаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Дарвоқеъ, агар меъёри забони адабӣ гуфта, хонуми Шарофзода, меъёри забони онҳоеро дар назар дошта бошад, ки ду байти содаи Рӯдакиро намефаҳманд, дур нест он рӯз, Рӯдакиро “ҷарима” ва ба Шайх Бедил “ҳукми абад” бидиҳанд.

Адиби ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустаммегӯяд, “Оё ниҳоде ҳаст, ки худи Кумитаи забонро барои овезаҳои пур аз ғалат ва бемаънову бемантиқи Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ҷарима бикунад?

«Мо кушода шудем», «Маркази ош», «Маркази ҳусн» ва амсоли инҳо, ки дар ин шаҳр сари ҳар қадам чун хор ба чашм мерасанд, мавҷудият ва короии ин Кумитаро зери суол мебарад!”

Тасмими “сталинии” Шарофзода

Фахриддини Холбек, журналисти шинохтаи тоҷик дар ин бора мегӯяд, кумитаи забон мушкилро дар ҷойи набуда мекобад.

-Дар Тоҷикистон ҳоло ҳар кас як «забони меъёр» — и худро дорад. Аз рӯи мантиқи муаллима (Гавҳар Шарофзода дар назар аст) тамоми китобҳое, ки нашр мешаванд, ба шумули китобҳои дарсӣ, бояд ҷарима шаванд.

Ин қабил муҷозот ҳоли бади забонро бадтар мекунанд. Хуб, забони меъёр! Дар бораи кадом забон ва меъёр сухан меравад? Агар ин меъёр, ё ин гуна китоб ҳаст, оё дар дастраси мардум қарор гирифтааст? Агар ин “китоби забон” – ро дорем, пас барои баёни фикр калимаҳоро аз он ҷустуҷӯ кунем? Мушкилро дар ҷое меҷӯянд, ки нест. Мушкили “забондории ба забону безабонии дар дил” — и мо дар мактаб аст. Китобҳои дарсиро дуруст кунед, то мардум аз мактаб забони тоҷикиро ёд гирад. Дахолат ба кори рӯзноманигорӣ нақзи озодии баён аст. Ин рукни муҳими як ҷомиаи демократӣ аст, агар Тоҷикистон чунин бошад (аз ин гуна изҳорот бармеояд, ки раҳбарон худ аз рукнҳои ҷомиаи демократӣ хабар надоранд, намедонанд кишвар ба куҷо равон аст). Ин ҳамон «соддакунӣ» — ҳои сталинӣ аст. Ба ҷои салла калла меоранд. Ба ҷои табобати захм, худи дастро мебуранд. Ин услуби маъмули бархӯрди расмӣ бо мушкилот дар тамоми соҳаҳо шудааст. Масъала шояд камбуди буҷаи Кумита ё ҷамъоварии маблағ бошад? Ман нафаҳмидам. Умуман корҳои зиёде дар ҷараёнанд, ки шояд дар тавони фаҳмиши худи роҳандозон ҳам нест. Аз ҷумла ҳамин барномаи “назорати забони рӯзноманигорон”, ки дар ягон давлати дунё нест. Ин шармандагӣ аст. Раиси Кумита хабар надоранд, ки хонандаи мо – рӯзноманигорон на фақат дохил, балки хориҷ ҳам ҳаст. Аслан ҳама гуна фишор қобили қабул нест. Аммо ин “фишор” хеле музҳик аст, ба “забони меъёр” – масхарабозист,-мегӯяд журналист.

Обид Шакурзода, яке аз рӯзноманигорони дигари тоҷик мегӯяд: “Ин кумита як бор суханронии вазиронро арзёбӣ кунад, агар салоҳият дошта бошад.  Имрӯз кудом вазир ба забони китоб, фасеҳу илмиву мантиқӣ сухан мегӯяд? Куллан, ба забоне, ки шарми кас аз шуниданаш (аз он ки вазири давлати ман подарҳаво ҳарза мегӯяд) меояд ҳарф мезананд.”

Лаҳҷаи худи Шарофзода ҳам аз диққати журналистон дур намонд.

Гулафшон Соқиева, журналисти дигар тасмими раиси кумитаи забонр ба истеҳзо кашид: “Лаҳҷаи гуфтори Шарофзода ҳам ба ман писанд нест, ба куҷо муроҷиат кунам, ки ин хонумро ҷаримабандӣ кунем?”

Дарвоқеъ, журналистон ба Гавҳар Шарофзода, ки дар расонаҳо бино ба сабаби тасмимоташ барои миллӣ кардани номгӯи ғизо дар тарабхонаҳо мавриди диққати аз ҳад беш қарор гирифт, шояд ин даъфа, ба қавли мардум “ҳаво гирифта”, акнун аз ҷаримабандии журналистон ҳарф мезанад. Ва муҳим ин нест, ки асоси кофие барои собит кардани иддаояш надорад. Ҳоло дақиқ намешавад, ки гуфт хонум Шарофзода ин корро дониста мекунад, ё хайр. Аммо агар медонист, ки тасмимаш агар имрӯз не, пас фардо ҳатман ба бозичаи дасти гуруҳҳое табдил хоҳад шуд, ки ҳадафашон фақат бастани даҳони нашрияҳо аст, то покиза нигоҳ доштани забони порсии тоҷикӣ, дар ин бора лаб во намекард.

Аммо метавон гуфт, хонумраиси кумитаи забон аз вуҷуди қонуне, ки барои монеъ шудан ба фаъолияти журналистӣ ҷазо муқаррар кардааст, комилан бехабар будааст. Вагарна…

http://www.tojnews.tj/tj/news/honum-sharofzoda-rudakiro-kham-charima-mebandad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *