Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба рӯзноманигори кишвар ҳушдор дод, ки дар сурати нақзи меъёри забони тоҷикӣ ҷарима хоҳанд супорид.
1-уми август Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар нишасти хабариаш гуфт, “ дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд”.
Шарофзода аз он изҳорӣ нигаронӣ кард, ки «рӯзноманигорон дар аксари ҳолат калимаҳои ношиносро дар маводашон истифода мебаранд». «Баъзан то 10 маротиба ва аз он ҳам бештар дар матлаби рӯзноманигорон калимаҳое истифода мешавад, ки барои бинандаву шунаванда ношинос аст. Ба ин тартиб, меъёри қонуни забон вайрон мешавад», — таъкид кард ӯ.
Як комиссияи вижа ба қавли Раиси кумитаи забон барномаи ТВ ва радиоҳо ва ҳамчунин матни рӯзномаҳоро месанҷанд.
Дар назар аст, ки ҷарима барои рӯзноманигорон аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ва барои муассисони онҳо аз 30 то 40 нишондиҳанда муқаррар шавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/khushdori-kumitai-zabon-ba-zhurnaliston