Олег Панфилов: Бегонаҳаросӣ билохира Русияро хароб хоҳад кард

Профессор Олег Панфилов мегӯяд, расонаҳои хабарии Русия, бахусус шабакаҳои радио ва телевизиони он миллигароёни ашадианд.

Олег Панфилов ин ҳарфҳоро дар ҳошияи вокуниши Тоҷикистон ба чопи мақолаи иғвоомези журналисти “Комсомолская правда” Сегрей Пономарёв навиштааст.

Ҳафтаи гузашта Шарифи Ҳамдампур, масъули чопи “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон эълон кард, ки баъди мутолиаи мақолаи Пономарёв ва мукотибааш бо сардабири ин нашрия тасмим гирифт, ки чопи ин газетаро дар кишвар мутаваққиф кунад.

Сабаб таҳқири миллат ва арзишҳои милли тоҷикон дар мақолаи журналисти рус аст. Ва боз дар ҳолест, ки сардабири нашрия Владимир Сунгоркин низ пуштибонӣ аз ин мақола дорад ва дар он чизеро таҳқиромез наёфтааст. Олег Панфилов менависад, ки агар ношири тоҷик қотеъ бошад, пас “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон дигар мунташир намешавад, вале шабакаҳои телевизионии ин кишвар ҳамоно ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон идома медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки инҳо низ аз мубаллиғони миллигароӣ ва бегонаҳаросианд. Солҳои 1990 мудофиини ҳуқуқи башар дар Русия на танҳо вазъро зери назар доштанд, балки барои коҳиши ин бегонаҳаросӣ дар ВАО-и Русия афкори ҷомеаро ба вуҷуд оварда буданд. Ҳарчанд худи Борис Елсин ба рушди миллигароӣ дар Русия саҳм дошт. Вале баъди ба Кремл омадани Владимир Путин вазъ тағйир ёфт.

Ба андешаи профессор Панфилов мачизми чекистӣ ин мавҷи нави рафтори нухбагони замони Путин, атрофиёни ӯ мебошанд, ки аксари онҳо дастпарварони КГБ-и Шӯравӣ ва хадамоти ҷосусии Русия мебошанд. Соли 1999 дар аввалин суханронии худ Путин барномаеро ба арзи ҳозирин расонд, ки амалан даъват ба таҷовуз буд.

Олег Панфилов мегӯяд аввалин таҳқиқоти маркази таҳқиқотии “Панорама” нишон дод, ки дар солҳои аввали ҳукмронии Путин дар ҷомеа образи манфии гуруҳҳои қавмӣ ва динӣ ва ҳақ нишон додани ҳодисаҳои зӯроварии таърихӣ ва таҷовуз ва нақзи ҳуқуқи ақалиятҳо, даъватҳои роҳ надодан ба таҳкими ҳузури муҳоҷирон дар минтақаҳо буд. Ҳоло кор ба ҷойе расидааст, ки дигар сарлавҳаи мақолаҳо ба мисли “Се шаҳрванди Тоҷикистон дар пойтахт барои рабудани ду пора оҳан боздошт шуданд”, “Озарбойҷонӣ навраси русро барои харошидани мошинаш кушт”, “Узбаки муҳоҷири ғайриқонунӣ донишҷӯро ғорат кард” ва ғайра дигар касеро нигарон намекунад.

Ба назар мерасад Путин бегонаҳаросии мавҷуд дар ҷомеаро такон дод ва омилони аслии ин раванд русзабононе буданд, ки ба тозагӣ аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ бармегаштанд. Онҳо аз он ба ғазаб омада буданд, ки гӯё русҳоро аз кишварҳояшон берун рондаанд.

Барои онҳо муҳоҷирони корӣ ба душман табдил шуданд. Олег Панфилов менависад, ки билохира миллигароие, ки ҳукумат ташаббускори он аст, Русияро хароб хоҳад кард. Таърих ин мисолро ёд надорад, ки бегонаҳаросӣ боиси таҳкими пояҳои ҳукуматдорӣ шуда бошад.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/oleg-panfilov-begonakharosi-bilohira-rusiyaro-harob-hokhad-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *