Раиси Кумитаи телевизион ва радио (КТР)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мушкили ифтитоҳи шабакаи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад. «Бо сабабҳои барои мо номаълум Афғонистону Эрон уҳдадориҳои дар ин самт ба зиммаашон вогузоршударо иҷро накарданд», — иброз дошт ӯ.
Ба қавли Шоҳиён, мутобиқи созишномаи сеҷониба Тоҷикистон ба таъмини бино барои фаъолияти шабака уҳдадор шуда буд. «Дар шабакаи телевизиони «Баҳористон» мо бо ин мақсад бино ҷудо кардем», — таъкид дошт Шоҳиён.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз се сол қабл Эрон барои шабакаи мазкур таҷҳизоти арзишаш 2 млн. евроро ба Тоҷикистон фиристода, вале аз сафорати Эрон иттилоъ дода буданд, ки таҷҳизот ба студия интиқол ёфта, вале то ҳанӯз мушкилоти пардохти боҷи гумрукӣ барои он ҳалношуда боқӣ монд.
Ин таҷҳизот муддати зиёда аз як сол дар анбори терминали гумрукии Душанбе нигаҳдорӣ шуд, зеро Эрон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохт нашудани боҷи гумрукӣ барои ин таҷҳизотро надорад. Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти он пардохти 400 ҳазор доллари ИМА боҷи гумрукиро тақозо доштанд.
Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид дошт, ки таҷҳизоти мазкур аз лиҳози фаннӣ аллакай кӯҳна шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.
Раиси Кумита ҳамчунин ба он ишора кард, ки Афғонистон низ уҳдадориҳои худ тибқи шартномаро иҷро накардааст, ки пеш аз ҳама ба ҳалли масоили кадрӣ марбут аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.
http://news.tj/tj/news/ktr-mushkili-iftito-i-televizioni-forsizabonon-angezai-sies-nadorad