Раҳимӣ : 250 вокуниш нишон додем

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар ба саволи он, ки чаро ба сомонаҳои хориҷие, ки бар зиддӣ мо тоҷикон матолибҳо нашр мешаванд ҷавоб гуфта намешавад, гуфт, мо ба қарди имкон илман ҷавоб мегӯем.

Ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ ба саволи он, ки чаро ба сомонаҳое, ки бар зиддӣ мо тоҷикон матлабҳо интишор мекунанд ҷавоб гуфта намешавад, чунин посух гардонид, мо то ҷое ба онҳо илман ҷавоб мегуем ва аз тарафи мо то ҳол ба матолибҳои интиқодӣ 250 вокуниш нишон дода шудааст.

Инчунин Раҳимӣ аз коркард шудани сомонаи наве бо номи “Равшанфикр” хабар дод, ки ба наздики фаъол хоҳад шуд. Ӯ гуфт, дар сомонаи мазкур оид ба таърих ва имрӯзи тоҷикон маводҳои илмӣ ҷойдода мешаванд, ки ҷаҳониён ҳам метавонанд ба чӣ гуна миллат будани мо шинос шаванд.

Дар нишаст инчунин таъкид гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷониби олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 китобу монография, 640 мақолаҳои илмӣ дар дохили кишвар, 65 мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва ба нашр расидаанд.

 

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11414-ra-im-250-vokunish-nishon-dodem.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *