Маҷаллаи “Равзана ба ҷаҳон” баъд аз 10 соли нашр бо сабабҳои иқтисодӣ аз чоп монд.
Марям Давлатова, муассиси нашрия дар суҳбат ба TojNews гуфт, бо сабаби пайдо накардани маблағ ва мушкилоти обуна натавонистанд чопи маҷаллаи “Равзана ба ҷаҳон”-ро идома бидиҳанд.
Ба гуфтаи хонум Давлатова, “тайи чанд сол мо натавонистем бо вуҷуди кушиши зиёд, ин масъалаҳоро ҳал кунем. Шояд нарасидани малакаи тиҷоратии мо ҳам бошад.”
-Мутаассифона талошҳои коллективи хурдакаки он натиҷаи дилхоҳ надоданд ва мо натавонистем дар бозори ВАО онро ба ҳадди худкифоӣ бирасонем. Ман аз номи идораи муассис ба ҳамаи онҳое, ки нисбати мо дилгармие доштанду хоста буданд кумак расонанд, самимона арзи сипос менамоям ва аз ҳамаи онҳое, ки умедвори нашри он буданд, маъзарат мехоҳам. Ҳама гуна арзу даъвоҳо агар бошанд, ба унвонии банда ин ҷо метавонанд, пешниҳод гарданд,-менависад Марям Давлатова.
Маҷаллаи “Равзана ба ҷаҳон”, тӯли 10 соли ахир дар Тоҷикистон ба табъ мерасид. Муҳтавои он аз ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои инсонҳои ҷинсу синну сол ва қишрҳои гуногун иборат буда, ба гуфтаи масъулинаш рисолаташ ин боло бурдани маърифати равоншиносиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва дастгирии риояи қонунҳои кишвар дар масоили гендер буд. Ин маҷалла аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази сиёсати гендерӣ» ба табъ мерасид.
Маҷаллаи “Равзана ба ҷаҳон” дар ҳоле аз чоп мемонад, ки ба боварии коршиносон вазъи матбуоти тоҷик дар ҳоли бад қарор дорад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/az-bukhroni-moli-machallai-ravzana-ba-chakhon-az-chop-mond