Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, имрӯз 11 июл зимни нишасти хабарӣ, ки дар толори «Боғи Ваҳдати миллӣ» бо хабарнигорон баргузор шуд, аз муомилаи духтурон интиқод кард.
Тавре хабарнигори faraj. tj аз макони нишаст иттилоъ дод, раиси вилоят муомилаи духтуронро бо беморон дағал унвон намуда гуфтааст, «муомилаи духтурон бо беморон бисёр дағал шудааст. Панчоҳ фоизи табобати бемор ин муносибати хуби табиб мебошад. Вале табибони мо бо беморон муносибати хуб надоранд. Бояд хабарнигорон ин гуна ҳолатҳоро ошкор ва интиқод намоянд».
Зимнан, соли 2016 дар вилояти Суғд «Соли фарди солим» эълон гардидааст ва соли ҷорӣ тамоми муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят таъмир карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷаи вилоят барои соҳаи тандуpустӣ 135,7 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.