Даргузашти Шариф Мисайзод, хабарнигори «Садои Душанбе»

Шарифи Мисайзод, Хабарнигори радиои «Садои Душанбе», имрӯз, 16 июн  аз олам  гузаштааст.

Дар ин бора Сайёфи Мизроб, яке аз дӯстони марҳум ба Faraj.tj иттилоъ дода гуфт, ин хабарро наздикони марҳум ба ӯ расонидаанд.

Ба гуфти ин ҳамсуҳбатамон, Шарифи Мисайзод аз бемории қанд аз олам гузаштааст.

Шарифи Мисайзод аз ровиёни пурмухлистарини радиои тоҷик ба шумор мерафт ва дар соли 2014 барои барномаи «Салому алейкум, диёрам!» ҷоизаи беҳтарин радиожурналисти сол дар озмуни «Ҷило»-ро низ соҳиб гашта буд.

Шарифи Мисайзод соли 1966 ба дунё омада, хатмкардаи бахши забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

Ӯ тамоми умраш дар радио кору фаъолият кардааст.

Аҳли эҷоди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти ҳамкасби худ сахт андуҳгин буда, ба наздикони эшон сабри ҷамил мехоҳанд.

 

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11229-darguzashti-sharif-misajzod-khabarnigori-sadoi-dushanbe.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *