Журналист ва блогнависи тоҷик Абдулфаттоҳ Шафиев ба ҷоизаи Бунёди Дага Хаммерскйолд сарфароз гаштааст.
Ин журналисти тоҷик, ки қаблан чанд ҷоизаи байналмилалиро дар ихтисоси рӯзноманигорӣ ба даст оварда буд, инак вай дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аввалин журналистест, ки ба ҷоизаи Бунёди Дага Хаммерскйолд сарфароз мегардад.
Айни ҳол Абдулфаттоҳ Шафиев дар қатори рӯзноманигорони муваффақи тоҷик қарор дорад, ки матлабҳош бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр мерасанд.