Китоби нави Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултети журналистикаи ДМТ бо номи “Газета (рӯзнома) ба табъ расидааст.
Дар китоби мазкур маълумотҳо доир ба пайдоиш, таҳаввул ва таъйиноти газета чун воситаи қадимтарини ахбори омма ва таснифоти навъу намудҳои он дар марҳилаи кунунии рушди воситаҳои ахбори омма ҷой дода шудааст.
Қироншоҳ Шарифзода дар оғози китоб навиштааст. “Дар иртибот ба истилоҳи «газета» афзалият додан ба хотири пешгирӣ аз баҳси эҳтимолӣ ва ҳатто айбдоркунии муаллиф барои “нописандии» истилоҳи мавҷудаи “рӯзнома” бояд гуфт, ки новобаста аз хоҳиши мову шумо, дар навиштаҳои илмию оммавӣ ва ҳам дар гуфтугӯи ҳамарӯза “газета” серистеъмолтару фаҳмотар буда, ҳукми воқеият дорад”.
Китоби “Газета (рӯзнома) маҳсули мушоҳидаву бардошти шахсии муаллиф дар тӯли солҳои зиёди фаъолият дар матбуоти даврӣ ва қиёси назарияи журналистика бо амалкарди воқеии он буда, мувофиқ ба фаҳму дарки донишҷӯёни факултетҳои журналистика, инчунин барои истифодаи дастандаркорони нашрияҳо ва алоқамандони рӯзноманигорӣ таҳия шудааст. Китоби нави Қироншоҳ Шарифзода, аз тарафи муассисаи нашриявии “Ирфон” бо теъдоди 300 нусха ба табъ расидааст.
Дар таҳияи Қироншоҳ Шарифзода қаблан китобҳои “Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ” (Душанбе: «Шарқи озод», 2001), “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” (Душанбе: «Ирфон», 2006), “Мушкилоти озодии сухан” (Душанбе: «Деваштич», 2009), ”Экспертизаи лингвистӣ” (бо ҳаммуаллифии Бринев К, Душанбе: «Интишор», 2011) ва “Озодӣ ва масъулияти сухан” таълиф шудаанд.
http://www.pressa.tj/article/gazeta-kitobi-navi-sharifzoda-muntashir-shud