Конференсия ба ифтихори 60-солаии Гулмуродзода

Ба ифтихори 60 солагии муҳаққиқи забардаст, шодравон Пайванд Гулмуродзода, рӯзи 2-июни соли ҷорӣ, соати 9:00 дар факултети Журналистикаи ДМТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таҳқиқи ҷараёни маорифпарварӣ ва матбуот” баргузор мегардад.

Конференсияи мазкур дар ҳамоҳангии Факултети Журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар Конференсия ректори донишгоҳи мазкур Имомзода Муҳаммадюсуф иштирок намуда инчунин маърӯзаи як чанд олимону донишмандони соҳа дар назар гирифта шудааст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11105-konferensiya-ba-iftikhori-60-solaii-gulmurodzoda.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *