Фирӯза Сатторӣ: “Оила” барои “баъзеҳо” хизмат намекунад

Ҳафтаномаи “Оила” 16-сола шуд

18-уми май, аҳли қалами ҳафтаномаи “Оила” ва кормандони ҶДММ “Оила” 16 солагии ин нашрияро қайд карданд. Дар баробари ин ҷашн, ҳамчунин ду озмуни ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби ин ҳафтаномаи машҳури Тоҷикистон, роҳандозӣ шуда буд,ҷамъбаст гардид. Озмунҳои “Чашмони зебо” ва “Хушдоманҷон хушдоман”, ки яке муддати як сол ва дигаре се моҳ идома ёфт, бо ғолибияти зебочашмон — Парвина Маҳкамова, Наргис Қурбонова ва Ганҷина Раҷабова ва хушдомани беҳтарин Сабоҳат _____ хушдомани Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов анҷом ёфт. “Оила” аз машҳуртарин ҳафтаномаҳои  кишвар буда, тӯли 16 сол дар ҷумҳурӣ ҳамчун газетаи рақами як шинохта мешавад. Дар робита ба ҷашнҳои “Оила” ва сирри муваффақияти он суҳбате доштем бо Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири ин нашрияи бонуфуз.

— Хонум Сатторӣ, аввал шумо ва ҳамаи кормандони шуморо ба 16-солагиатон табрик мегӯям.

— Ташаккур!

— 16 сол. Дар назди таърих тӯлонӣ нест, аммо барои як нашрия ва он ҳам дар фазои иттилоотии Тоҷикистони 25 -сола хеле тӯлонӣ аст. Сирри ин муваффақият дар чист?

—  Дуруст, қайд кардед. Воқеан “Оила” дар ин муддати бисёр кӯтоҳ тавонист  корҳои азимеро ба сомон расонида, дар дилу дидаи мардум маъво бигирад. Дар тӯли ин солҳо чандин газетаҳои нав ба вуҷуд омаданд, чандин ҳафтаномаҳо баста шуданд, вале “Оила” мавқеи худро аз даст надод. Чаро? Сирри маҳбубияти ин газета дар чист? Ин саволро дар ҳама ҷо ба ман медиҳанд ва ман ҳамеша як ҷавобро такрор мекунам: “Оила” ҳамеша ҳамдарди мардум ва ҳамқадами зиндагӣ буд, ҳаст ва мемонад. Барои ҳамин мардум ин газетаро меҷӯянд, меёбанд, сатр ба сатр мехонанд. Далели равшани ин гуфтаҳо зангҳои телефонӣ ва номаҳое ҳастанд, ки ҳамарӯза ба идораи “Оила” ворид мешаванд. Ман тайёр ҳастам бо шумо шарт бандам, ки ба ягон газета, чун ба “Оила”  ин қадар занг намезананд, мактуб намефиристанд. Бист дақиқа дар идораи “Оила” бишинед, он гоҳ бо чашми худ хоҳед дид, ки телефонҳои мо ягон лаҳза ором намегирад. Ҳар нафаре, ки ба “Оила” занг мезанад, дилпур аст, ки ҳатман ба саволаш ҷавоб хоҳад гирифт.

-Аммо баъзеҳо ба ақидае ҳастанд, ки  ағлаби аз мавзӯъҳое ки шумо матраҳ мекунед, ғайриахлоқӣ ва бофтаву бедалел аст.

— Ман як чизро рӯйрост мегӯям. Мо барои “баъзеҳо” кор намекунем. Мо барои мардум хизмат мекунем, дарди мардумро мегӯем ва зиндагии ӯро менависем. Агар мо бофтаву беасос менавиштем, моро низ тақдири дигар газетаҳо, ки як ба майдон омадаву пасон нопадид шуданд, гирифтор буд. Ман ба шумо як мисол меорам. Бо яке аз занҳои машҳури мансабдор, ки як замон раиси Кумитаи занон буд, ҳамсуҳбат шудам. Он зан иқрор шуд, ки ман газетаи “Оила”-ро бад медидам, ки дурӯғ менависад. Аммо вақте раиси Кумитаи занон шудаму бо ВКД рейди якҷоя гузаронидем, ба худам иқрор кардам, ки “Оила” кам менависад, зеро дар натиҷаи рейд маълум шуд, ки танҳо дар Душанбе фоҳишаҳои 10 -сола ҳам  ҳасту 55- сола ҳам.

— Яъне, шумо ба ақидае ҳастед, ки дарду доғи мардумро менависед ва интиқодҳо нисбати шумо беасосанд?

-Не, интиқод солим ва касбӣ бошад, ҳатто аз ҷониби як зани оддии деҳот бошад,  мо ба ҷону дил қабул мекунем, аммо интиқоди бепоя, бошад… хай бошад, бе ин намешавад.   Тасаввур кунед, ки дар ягон ҷойи баданатон мараз ё яра пайдо шаваду нисбати он беэътиноӣ зоҳир карда,  онро бо ҳафт қабат латта зери остин пинҳон карда гардед ва худро комилан солим вонамуд кунед,  зардобу фасоди он захм ба тамоми баданатон паҳн шуда, оқибат шуморо аз по меафтонад, мекушад. Ҷомеа ҳам организм аст, агар пеши роҳи дардҳои ҷомеа гирифта нашавад ва он сари вақт ошкор нагардад, доман паҳн карда, тамоми ҷомеаро заҳролуд месозад. Мо масъалаҳоеро мебардорему матраҳ мекунем, ки аслан бояд дигарон дар бораи он гап зананд, пеши роҳи онро гиранд.

-Гуфтанӣ ҳастед, ки шумо функсияи ягон мақомотро иҷро мекунед?

— Бе муҳобот мегӯям, “Оила” функсияи чанд кумитаву вазоратро иҷро мекунад. Як мисол меорам. Сарвари давлат  соли 2015-ро соли оила эълон кард. Радиову телевизион, газетаву журналҳо, ҳама як соли дароз дар мавриди тифлони маъюб навиштанд,  вале касе, на ягон журналист, на ягон шоир, на ягон нависанда, на ягон олим, на ягон мансабдор як бор  нагуфт, ки ҳой мардум, чаро дар соли оила ин қадар занҳои тоҷик бе гуноҳ қурбонӣ шуда истодаанд?! Дар тӯли соли 2015 моҳе набуд, ки хабари дар ин ё он ноҳия аз дасти шавҳар, хусур, бародар, домод, ҳамсоя ё боз ягон марди дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шудани зане паҳн нашавад, аммо марги ин занҳои бегуноҳ касеро ба ташвиш наовард, ба ҷуз газетаи “Оила.” Барои марги афғондухтар — Фархунда намоишкорона баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ мотам гирифтем. Мансабдоронам аз минбарҳои баланд ба қотилони Фархунда лаънат гуфтанд, шоиронамон дар сӯгаш марсияву достонҳо суруданд, телевизиони тоҷик чанд моҳ барномаҳои мотамӣ таҳия кард, вале касе нагуфт, ки занҳои тоҷик ҳам мисли Фархунда одам буданд, дар дилашон садҳо орзуву ормон ва билохира ҷони ширин доштанду бераҳмона кушта шуданд. Аламовараш он аст, ки раиси ҳамонвақтаи Кумитаи кор бо занон ва оила аз телевизион ба қотилони Фархунда лаънат хонду аз кушта шудани чандин зани бегуноҳи тоҷик ҳатто милаш ҳам хам нахӯрд. Касе ба қотилони зани тоҷик лаънат нахонд, касе дар сӯги зани тоҷик марсия нанавишт, касе духтаркушӣ, келинкушӣ, модаркушӣ, хушдоманкушӣ, занкуширо маҳкум накард, на мансабдороне, ки вазифаашон ҳимояи мардум аст, на онҳое, ки бо баҳонаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва дифоъ аз ҳуқуқҳои занон аз ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дарза-дарза пул мегиранд. Танҳо “Оила” аз дари хонаҳои мотамзада даромада, сабаби сар задани фоҷиаҳои хунинро ҷӯё шуд. Бо фармон ё амри касе не, ба хотири пул кор кардан не, танҳо аз рӯйи виҷдон, ҳамчун шаҳрвандони ин кишвар мо тамоми сол ин мавзӯи дарднокро пайгирӣ кардам ва то имрӯз карда истодаем.

— Масъалаи дигаре, ки шумо пайгири он ҳастед ва баҳси он ҳатто ба “Тоҷикистон” гузашт, худкушию фарзандкушист, аммо то ҳол аз мақомот на дар ин нашрия дар он ҳеҷ вокунише нест, гӯё чизе нашуда бошад.

— Бадбахтона фарзандкушӣ дар кишвари мо торафт афзоиш ёфта, ба қавле “мӯд” шуда истодааст. Тасаввур мекунед, зан-модар фарзандашро, лахти ҷигарашро бо дастони худ мекушад ё ба дарё партофта, аз зиндагӣ маҳрум месозад. Ин даҳшати гӯшношунид аст. Ин вабо аст! Мебоист кайҳо барои пешгирии ин вабо бонги изтироб мезадем, вале боз ҳама ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, бепарво мегардем, гӯё дар қафаси синаамон ба ҷойи дил санги хоро бошад. Мо дар ҳар шумора сари ин мавзӯъ менависем. Кореро, ки “Оила” дар тӯли камтар аз ду сол танҳо дар инъикоси ҳамин мавзуъ кардааст, кумитаву вазоратҳои калон накардаанд.

— Воқеан, ин ҳафта ҷашни шумост, аммо суҳбати мо боз ҳам атрофи мушкилоти ҷамъият меравад. Гӯё шумо ва нашрияи шумо ҳамеша дар бораи мушкилоти мардум фикр мекунеду менависед, дигар чизе дар саҳифаи шумо нест, аммо агар газетаи шуморо рӯйи даст гирем, воқеият дигар аст.

-Ин воқеият дорад. Мо ҳамеша дар бораи мушкилоти мардум фикр мекунем, аммо дар баробари инъикос намудани мавзуъҳои доғи рӯз “Оила”,  ҳамчунин,  дар баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ ва фарҳангии мардум нақши барозанда дорад. Далели равшани ин гуфтаҳо озмунҳое ҳастанд, ки “Оила” ҳамасола баргузор менамояд. Хонандагон то кунун “Ситораи сол”, “Маликаи ҳунар”, “Донандагони тибби халқӣ”, “Бонуи сол”, “Садои дил”-и “Оила”-ро ба хубӣ ёд доранд, имсол бошад, ба шарафи 16-умин солгарди таъсисёбии ҷамъият ҳафтаномаи якбора ду озмун “Хушдоманҷон, хушдоман” ва “Чашмони зебо”-ро ҷамбаст намуд. Санаи 18-уми май дар бинои “Шарқи озод” тӯй буд. Тӯйи 16- солагии ҷамъияти “Оила”.

— Орзу дорем, ки ҳафтаномаи шумо ба 160- солагӣ расад ва дарду доғи ҷомеаро ошкор ва пеши роҳи онро бигирад. 16-солагӣ муборак!

-Саломат бошед!

Мусоҳиб  Одили НОЗИР

http://www.pressa.tj/article/firuza-sattori-oila-baroi-bazekho-hizmat-namekunad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *