Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода бар ин назар аст, ки нисбат ба ширкатҳои фароҳамсози интернет, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро бидуни санади расмӣ қатъ мекунанд, чора андешидан зарур аст.
Дар маърӯзаи Омбудсмен барои соли 2015 дар фасли «Ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот ва воситаҳои ахбори омма» дар ин робита зикр мегардад, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот ва ВАО ҳуқуқи истифодабарандагони интернет ҳамчун истеъмолкунанда таъмин ва дар ҳолатҳои гузаронидани корҳои техникии профилактик шаҳрвандон пешакӣ огоҳ карда шаванд.
Дар маърӯза хотиррасон мешавад, ки соли сипаришуда ҳолатҳои баста шудани сомонаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ, аз қабили news.tj, tojnews.org, ozodi.org, ozodagon.com, faraj.tj, youtube.com, вконтакте.ru, facebook.com ва одноклассники.ru ба мушоҳида расид.
Зариф Ализода дар маърӯза зарурати таъмини ҳамаҷонибаи дастрасии тамоми ВАО ба сарчашмаҳои расмии иттилоот, дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти судӣ ва мақомотиҳифзи ҳуқуқ бештар интишор намудани иттилоот дар бораи фаъолияти онҳо, тариқи ВАО бештар таблиғ намудани симои воқеии гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба чунин гурӯҳҳо ва таблиғу ташвиқи фарҳанги истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва интернет тавассути ВАО-ро таъкид месозад.
Дар ҳамин ҳол, қайд мешавад, ки тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ соли 2015 тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои интернетӣ, ки ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ тааллуқ доранд ва ё маълумотҳои паҳнкуниашон манъгаштаро интишор намудаанд, маҳдуд карда шуданд.
Ғайр аз ин зикр мегардад, ки соли 2015 як қатор сомонаҳои мақомотҳои давлатӣ ва хабарӣ мавриди ҳамлаҳои рахнагарон (хакерӣ) қарор гирифтанд, ки қисми зиёди онҳо ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ алоқамандӣ доранд.
Дар маърӯза маълумот дода мешавад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни интернети фаъол якҷоя бо муштариёни мобилии фаъол 2,9 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
http://news.tj/tj/news/ombudsmen-mukholifi-bastani-somona-o-biduni-sanadi-rasm