Ширкатҳои интернетрасон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ширкатҳои интернетрасон барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 23-юми май зимни ироаи маърӯзаи солонаи ин ниҳод ба мақомот тавсия дод, дар сурати бе санади расмӣ бастани сомонаҳо нисбати ширкатҳои таъминкунандаи интернет чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар маърӯзаи Омбудсмен омадааст, соли 2015 як қатор сомонаҳои мақомотҳои давлатӣ ва хабарӣ мавриди ҳамлаҳои хаккерӣ қарор гирифтанд, ки қисми зиёди онҳо ба гурўҳҳои экстремистию террористӣ алоқамандӣ доранд.

Ҳамзамон соли сипаришуда ҳолатҳои баста шудани сомонаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ, аз қабили news.tj, tojnews.org, ozodi.org, ozodagon.com, faraj.tj, youtube.com, вконтакте.ru, facebook.com ва одноклассники.ru ба мушоҳида расид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар гузориши солонаи худ овардааст, соли гузашта дар самти таъмини озодии баён мушкилиҳои зиёд ҷой доштанд. Азҷумла “риоя нашудани муҳлати пешниҳоди иттилоот, пешниҳод намудани иттилооти нопурра, ҳолатњои беасос рад намудани пешниҳоди маълумот аз ҷониби баъзе мақомоту идораҳо, набудани маълумот ва умуман иттилооти дастрас дар баъзе аз сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва судҳои ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияти онҳо.

Омбудсмен ҳамчунин тавсия додааст, ки дастрасии тамоми ВАО ба сарчашмаҳои расмии иттилоот таъмин шуда, мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи фаъолияти худ бештар маълумот интишор намоянд.

Бастани сомонаҳо дар Тоҷикистон дар соли гузашта зиёд ба мушоҳида мерасид ва ҳоло ҳам чандин шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Фейсбук, Одноклассник ва ғайра аз ҷониби бархе ширкатҳои интернетрасон дастнорас мебошанд.

http://www.tojnews.tj/tj/news/shirkatkhoi-internetrason-ba-chavobgari-kashida-meshavand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *