Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст

Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки барои инъикоси ҳамаҷонибаи райъпурсии рӯзи 22-уми июн намояндагони беш аз 300 расонаи хабарии ватаниву хориҷиро ба қайд гирифтааст.

Дафтари матбуотии Комиссияи марказии интихобот мегӯяд ба ҳамаи журналистони сабти номшуда шаҳодатномаҳои муваққатӣ дода хоҳад шуд.

Дар охирин ҷаласае, ки ин Комиссия таҳти роҳбарии Бахтиёр Худоёрзода баргузор кард, сарвари ситоди нозирони байналмилалӣ аз кишварҳои ИДМ Евгений Слобода ширкат кард. Дар айни замон 7 намоянда аз Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, 74 намоянда дар кишварҳои ИДМ, 33 намояндаи Ассамблеяи байнипарламонии ИДМ ва 8 намоянда аз корпусҳои дипломатӣ ба сифати нозир сабти ном шудаанд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/komissiyai-markazii-intihobot-besh-az-300-namoyandai-rasonakhoi-habariro-sabti-nom-kardaast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *