Сайҷаъфар Ашӯрзод, директори радиои «Ховар» зимни баромадаш дар мизи гирд бахшида ба «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» пешниҳод намуд, ки рӯзноманигорон дар саҳифаҳои иҷтимоии худ вобаста ба Ваҳдати миллӣ матолиб нашр намоянд ва баҳси солимро ба миён оранд.
-Агар ба саҳифаҳои корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ,бахусус рӯзноманигорон нигарем, ба ҷуз чанд акс, ки аз чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва аксҳои оилавиашон нашр мекунанд, дигар ягон сухани созандае дида намешавад,-афзуд, директори радиои «Ховар».
Номбурда зимнан пешнищод кард, ки хуб мешуд агар журналистон вобаста ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромиши кишвар андешаҳо иброз медоштанд ва баҳсҳои солимро ба миён меоварданд: “Бо ин роҳ метавон дартаҳкими омилҳои ваҳдат бештар саҳим буд”.