Бадахшон журналистонро хуш истиқбол гирифт

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдатимиллӣ ва 25-солагии истиқлолияти кишвар бо ташаббуси Академияи ВАО-и Тоҷикистон субҳи 9-уми май корвони гурӯҳи журналистони расонаҳои давлатию мустақили кишвар ба ВМКБ сафар намуд.

Тавре ки дар оғози сафар раиси Иттифоқи журналистон ва ҳамзамон Президенти Академияи ВАО Зинатулло Исмоилзода иброз намуд, мақсад аз ин сафар ширкат дар мизи мудаввар доир ба тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ва инъикоси омодагиҳо ба ин ҷашни бузурги миллӣ мебошад.

Иштирокчиёни ин Ҳамоишро, ки иборат аз 30 нафар буданд, нисфирӯзӣ дар ноҳияи Дарвози вилоят, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳон дарсатҳи баланд ва дастархони хоси мардуми меҳмонавози Дарвоз пешвоз гирифта, баҳри болидарӯҳии меҳмонон, дастаи овозхонони шуъбаи фарҳанги ноҳия базми шеъру суруд оростанд.Дар охир раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавриди сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати пояндаи миллӣ суханҳои хотирмон ироа намуданд. Сипас мувофиқи нақша рӯзноманигоронро дар ҳар як ноҳияи вилоят ҷудо намуданд, то аз рафти омодагиҳо ба ин ҷашнвораи таърихӣ хабару гузоришҳо таҳия намоянд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 12-уми майи соли равон дар чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ мизи гирд дар мавзӯи «Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» баргузор хоҳад гашт, ки дар он Холиқназарзода Худойбердӣ- директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Назира Амирбекзода-муовинираиси кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Мирзошоҳрух Асрорӣ-раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шодихони Ҷамшед-раиси ВМКБ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва дигар меҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳанд намуд.

 

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/10956-badakhshon-zhurnalistonro-khush-isti-bol-girift.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *