Дар Бадахшон «Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ»-ро баррасӣ мекунанд

Дар доираи тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон гузаронидани мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин хусус Зинатуллоҳ Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки чорабинии мазкур рӯзи 12 майи соли 2016 дар чойхонаи Боғи миллии шаҳри Хоруғ доир хоҳад гашт: “Бо ин мақсад корвони журналистони тоҷик рӯзи 9 май аз шаҳри Душанбе ба маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳсипор мегардад”. Гуфта мешавад, ки дар давоми панҷ рӯз намояндагони воситаҳои ахбори омма бо дастовардҳои мардуми вилоят ошно гардида, ҷараёни омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллиро инъикос менамоянд.

“Сипас, онҳо дар мизи мудаввар бо иштироки 60 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, Дастгоҳи иҷоияи Президенти Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар барқарории сулҳу салоҳ дар кишвар ва таҳкими ваҳдати миллиро баррасӣ менамоянд”, — илова кард, номбурда.

 

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/10939-dar-badakhshon-na-shi-vao-dar-ta-kimi-va-dati-mill-ro-barras-mekunand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *