Сайёфи Мизроб: Ман аз журналист шудани худ пушаймонам!

Сайёфи Мизроб дар журналистикаи тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон як шахсияти шинохташуда аст. 25-уми апрел ба синни мубораки 50 қадам мемонад.
Оё мо дар бораи Сайёф ҳама чиро медонем?
Ӯ ба журналистика чӣ гуна ворид шуд ва бардоштҳояш аз касби интихобкарда чӣ гуна аст?
Агар  барояш дигарбора интихоби касб пеш меомад, ӯ кадом касбро интихоб мекард?
Чаро Сайёф забони русиро ба забони тоҷикӣ хатар намеҳисобад?
Сайёф дар арафаи ҷашни нимасраи худ розӣ шуд, ки ҳама зиндагиномаи худро як бор тагурӯ созаду ба саволҳои зиёд, ки нисбати ӯву мавқеъгириҳош пайдо мешаванд, посух диҳад:

«Агар дипломи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Ленинградро нагирам…»
«Ба журналистика комилан тасодуф ворид шудаам. Дар мактаби миёна шоҳмотбози хуб будам. Тавре медонед, агар шоҳмотбоз бошӣ, маълум аст, ки математики хуб ҳам мешавӣ. Аз ин хотир, ҳарчанд ба журналистика тасодуф омадам, аммо фикр намекунам журналисти тасодуф бошам. Устоди шоҳмотамон  мегуфт, ки бояд ҳар шоҳмотбоз 21 гашташро пешакӣ донад. Фанҳои дақиқро дӯст медоштам. Ҳини имтиҳони хатми мактабро супурданамон, соли 1983 як муодилаи вазнин барои имтиҳон пешниҳод гардид, ки ҳеч кас ҳал карда натавонист. Ҳатто муаллимон. Вале ман онро ҳал кардам. Бо дархости муаллимон ҳалли онро дар тахтаи синф навиштаму дигарон рӯбардор карданд. Роҳбари синфамон як муаллимаи зебои бадахшӣ — Ширинбахт Шурова пурсид, ки пас аз хатми мактаб кучо дохил шуданиам? Бадоҳатан гуфтам, ки факултаи журналистикаи Донишгоҳи Ленинград! Зеро  шабе пеш аз имтиҳон дар нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» матлаберо бо имзои  як донишҷӯи тоҷики ин факулта хонда будам. Муаллимон машварат доданд, ки аз раъям баргардам, чун дохилшавӣ ба ин факулта мушкил асту агар дохил нашавам, ҳайф мешавам. Аммо ман дар назди ҳама ваъда додам, ки агар дипломи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Ленинградро нагирам, мард нестам.
Ҳарчанд дар бораи ин факулта ва касби журналистӣ маълумоти дуруст надоштам. Душанбе омадам, аммо маълум шуд, ки ба факултаи журналистикаи Ленинград он замон, танҳо пас аз курси саввуми шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи имрӯза миллии Тоҷикистон дохил мешудаанд. Бар илова, барои дохил шудан ба ин факулта, бояд аз озмуни эҷодӣ, ки пешниҳоди мақолаҳои то ин замон чопшудаи довталабро фаро мегирифт, бояд мегузаштӣ. Ман бошам ягон матлаб чоп накарда будам. Бо кӯмаки устоди зиндаёд Пайванди Гулмурод дар нашрияи ноҳияи Куйбышеви онрӯза, ки нашри вижаи «Ба қуллаҳои дониш» -и ДМТ –ро чоп карда буд,  таронаҳои бародарам Аслиддин Достиевро чоп кардему ҳамин тавр ман «соҳиби» матлаб шудам. Он таронаҳо, воқеан ҳам, он қадар зебову ҷаззоб буданд, ки пас аз донишҷӯ шуданам, бисёрии ҳамкурсон маро «ошиқи шайдо» медонистанд. Ҳарчанд мегуфтам, ки ман ошиқ нестам…».

«Худованд бо тасодуф маро аз раҳ зад»
Тавре мебинед, ман ба журналистика тасодуфан омадаам. Вале, азбаски одами ҳадафмандам, бисёриҳо мегӯянд, ки ҳар кореро, ки сар накунам, ба анҷоми муваффақона мерасонам. Ҳини дар Ленинград хонданам, дар факулта ин анъана ҳукмрон буд, ки ҳар сол озмуни матлаби беҳтарини донишҷӯёнро эълон мекарданд. Ман ҳам дар қатори дигарон навиштаи худро таҳти унвони «Дарди афғонӣ» («Боль афганца»), ки дар бораи мушкилоти ҷанговарони интернатсионалист баҳс мекард, супурдам. Ҳарчанд бисёриҳо тавсия доданд, ки ин корро накунам, чун дар таърихи ин озмун ягон бор донишҷӯи ғайрирус ғолиб наомадааст. Тасаввур кунед, дар донишгоҳ он замон намояндаи 58 миллати дунё таҳсил мекард. Вале ман иштирок кардам. Зеро таваккал карданро ҳамеша дӯст медоштам. Ҳини ҷамъбасти озмун, вақте ғолибони ҷои аввалу ду ва сеюмро эълон намуданд, ҳамкурсону дӯстон бо тамасхур ба сӯи ман дида медӯхтанд. Мазмун, «мо чӣ гуфта будем?». Аммо вақте барои шоҳҷоиза исми ман эълом шуд, толорро мавҷи касношуниди қарс пахш кард. На, ин барои ман набуд, чун маро шояд доираи бисёр ками ҳамсабақон мешинохтанд. Кафкӯбӣ аз он хотир буд, ки бори аввал ному насаби донишҷӯи ғайрирус ҳамчун ғолиб садо медод… Бори аввал эҳсоси ифтихор кардам, ки қолаби ҳукмронро шикастам. Ҳатто устодонамон меомаданду дастамро бо фахр мефушурданд, ки дар тарбияи донишҷӯе чун ман саҳм гузоштаанд.
Яъне, агар интихоби касби журналистӣ барои ман тасодуф буд, пас фикр мекунам Худованд ба ин васила маро аз раҳ зад, то журналист бошам…
Замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллӣ устоди қадрдонамон Иброҳим Усмонов, вақте ба ҳамсабақон дарси амалӣ мегузаронданду навиштани  матлабҳоро тақозо мекарданд, мақолаҳои маро аз ҳама охир баррасӣ мекарданд ва таъриф менамуданд. Ёдам ҳаст, боре  матлабе дар мавриди пиллакорӣ  навиштам. Зеро чун баҳор буду айёми пиллакорӣ, ҳадафи ман маҳз тутҳое гаштанд, ки ҳини пиллакорӣ сарканда мешаванд. Масъалагузории ман ин гуна буд, ки оё аз пиллакорӣ мо бурд мекунем, ё бохт? Ба табиат ва экология чӣ таъсир дорад? Ҳоло шояд ин гуна матлаб як чизи примитив ба назар расад. Аммо дар хотир гиред, ки аввалан инро мо дар замони шӯравӣ мегуфтему шубҳа намудан ба «сиёсати хирадмандонаи КПСС» чӣ маънӣ дошт ва дуюм, ман ҳанӯз як донишҷӯ будам…
Воқеан, ин тарзи дарсбарии Усмонов, ки ба шогирдон ҳатман дарсҳои амалӣ мегузаронданд, беҳтарин буд ва ман фикр мекунам, ки он кас дар пояи беҳтарин устодони журналистии донишгоҳҳои маъруфи Маскаву Ленинград қарор доштанд. Мутаассифона чунин устодон дар факулта зиёд набуданд. Аз ин рӯ, устод Усмоновро ман устоди аввалини  худ меҳисобам…»
Овони донишҷӯӣ бо нашрияҳои шаҳри Ленинград ҳамкорӣ доштам. Оё дар он замон чопи матлаб дар нашрияҳое чун «Смена» осон буд? Ёдам ҳаст, дар як нашрияи бисёртиражаи Ленинград, ки бо номи «Машиностроитель» чоп мешуд, матлабҳо менавиштам. Матлабе навишта будам дар бораи китобхонаи коргоҳ. Вақте аз китобдор, ки як бонуи зебои рус буд, пурсидам, ки оё кормандон ба китобхона меоянд? Ӯ посух дод, ки на танҳо ба китобхона намеоянд,  ҳатто тамоми китобҳои китобхонаро худам дар танҳоӣ аз қабати дуюм ба сеюм мебарорам. Хатти маши матлаби ман ин буд, ки ягон комсомол ба бону ҳини баровардани китобҳо кӯмак накардааст. Ба ин васила мушкилоти комсомолони он замон иқтидормандро ба баррасӣ гузоштам. Аммо он бо таҳрир  ба чоп расид. Пас аз ин ман ба сардабири нашрия гуфтам, ки дигар дар нашрияашон кор намекунам, чун хеле чизҳоро «қайчӣ» карда буданд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамкорӣ кардани донишҷӯёни факултаи журналистика ҳатмӣ буд. Аз ин рӯ, дар нимсола вақте устодон аз ман пурсиданд, ки чаро дар ин муддат ҳамагӣ як матлабам чоп шудааст, ба онҳо ҳам матлаби чопшуда ва ҳам асли навиштаи худро пешкаш кардам. Аввал матлаби таҳрирхӯрдаи чопшударо хондам, ҳама таъриф карданд. Пас аз он матлаби аслии худро хондам, ки садои кафкӯбиву таҳсин бештар гашт. Ҳатто бароям тавсия доданд, ки он навиштаро дар ягон нашрияи марказӣ чоп кунам, вале ман рад кардам.
Гуфтаниам, ки ба журналистика ман бо матлабҳои русӣ ворид шудаам. Албатта мо дорем журналистоне, ки аз матбуоти тоҷикзабон ба русзабон гузаштаанд, аммо онҳое, ки аз журналистикаи русзабон ба тоҷикзабон гузаштаанд, мутаассифона зиёд нестанд. Мутаассифона барои он ки журналистикаи русзабон ба ҳар сурат ба меъёрҳои журналистикаи байналмилалӣ наздик аст ва унсурҳои онро дар худ дорад …».

«Эмомалӣ Раҳмон маҳалгаро не, давлатгарост!»
Дар Тоҷикистон ба журналистикаи амалӣ 21 августи соли 1991 дар нашрияи «Оинаи зиндагӣ» оғоз намудам, ки сардабириашро Искандар Мирзоев ба уҳда дошт. Чӣ ҷои пинҳон кардан, ки дар журналистикаи он замон майдамаҳалгароӣ вуҷуд дошт ва аз ин хотир бисёр журналистони хубамон ҷои кор намеёфтанд.  Маро ба ин идора дӯсти хубам Сӯҳроби Зиё бурд.
Дар матлаби нахустинам демократҳои тоҷикро танқид кардам. На, ин маъноеро надошт, ки инҷониб демократҳоро дӯст намедоштам. Бо ду далел. Аввалан барои он ки дар тиннатам муқобили маҷро рафтан, ҳамеша ҷо дошт ва дуюм ин ки ман аз маркази демократияи шӯравӣ, ки сиёсатмадорҳои қавие чун Собчак дошт, омада будаму медидам, ки фарқи демократҳои мо аз асл дар чист. Ҳамзамон бо «Ҷоми Ҷам», ки нашрияи рӯшанфикрони Кӯлоб буд, ҳамкорӣ  доштам. Матлабҳоям бо унвонҳои «Шабаҳи Ленин дар Душанбе», «Оё Буш коммунист шудааст?» шӯру маҳшар ба по хезонда буданд!
Замони «вовчику юрчикҳо» дар соли 1992 ман ҳам азобҳо кашидаам, ҳатто муддате берун аз хоки кишвар будам. Зеро, агар замони ҷанги шаҳрвандӣ ғармиҳо ба Ғарм, ё кӯлобиҳо ба Кӯлобу мисли ин намояндагони маҳалҳои дигар ба зодгоҳи худ гурехтанд,  журналистон намедонистанд, ки ба куҷо гурезанд? Зеро дар ҳарду тараф  онҳоро марг интизор буд… Вале ман аслан зидди онҳоеам, ки мегӯянд журналистон равғанрези ҷанги шаҳрвандӣ гашта буданд. На, журналистони тоҷик табаддулотгар набуданд, ислоҳотхоҳ буданд.
Дертар аз муҳоҷират баргаштам. Омадам, муддате ба тиҷорат машғул шудам. Баъдтар дар «Ҷавонони Тоҷикистон» -и соли 1994 ба кор давом додам. Матлаби ман, ки «1 соли Эмомалӣ Раҳмон ё 72 моҳ то асри 21» ном дошт, баҳсҳои гуногунро ба по хезонд. Ҳама онро ба таври худ фаҳмид, аммо мантиқи аслиаш ин буд, ки сарвари нави Тоҷикистон маҳалгаро нест, давлатгарост!
Баъди аз чоп мондани «Ҷавонон» ба тиҷорат рӯ овардам. Дар ин байн соли 1996 Акбари Саттор «Чархи гардун» -ро фаъол кард ва маро ба кор даъват намуд. Вагарна ба Русия рафтанӣ будам. Аммо Худораҳматии Акбар гуфт, ки агар қиссаву матлабҳои дигари «Чархи гардун» барои серхонанда шудани нашрия бошад, ҳадафи ӯ аз ин газета матлабҳои Сайёфи Мизроб аст! Акбар воқеан ҳам менеҷери хуби матбуот буд. Макони охираташ обод бошад!
Соли 1997 дар заминаи ширкати «Самар» -и Самариддин Фазлиддинов нашрияи «Самар» -ро ташкил кардем. Тасаввур кунед, ки нашрия ба ҷои 52 шумора дар як сол 11 шумора чоп шуд. Зеро дар чопи нашрия мушкил пеш меоварданд. Соли 1997 ҳанӯз на ҳама гӯшҳо ҳақшунав буданд.
Моҳи майи соли 1998 бо даъвати Соҷидаи Мирзо ба кор дар радиои «Озодӣ» сар кардам ва 10 сол фаъолият доштам. Ҳамзамон вақте «Ҷавонони Тоҷикистон» аз нав фаъол шуд, ба сифати муовини аввали сардабир кор мекардам. Дар баробари ин дар «Нигоҳ» рубрикаи хоси худро доштам, ки «Интригаи Сайёфи Мизроб» ном дошту ба гуфтаи масъулини нашрия хонандаи зиёд. Соли 2008 «СССР» -ро таъсис додам».

«Бояд барои худ зиндагӣ кард, на барои дигарон!»
«Шояд баъзеҳо имрӯз аз ман пурсанд, ки Сайёфи Мизроб дар умри худ чӣ кор кардааст? Посух медиҳам: Ман хиёнат накардаам! Ба миллату давлат. Пас маро ҳич гоҳ ҳукуматпараст гуфта наметавонанд! Аммо байни давлату ҳукумат фарқ гузошт, ҳукуматҳо меоянду мераванд, аммо давлат бояд боқӣ монад…
Ба эҳсоси ватандӯстиву давлатдориам Худораҳматии падарам асос гузоштааст. Ӯ ҳатто замони шӯравӣ мегуфт мо бояд истиқлолият дошта бошем, бароям таронаи озодӣ мехонд. Аз ин ҷост, ки ман русҳоро бад намебинам, шовинизми русиро қабул надорам. Дар айни замон, маро гоҳҳо барои истифодаи вожаҳои русӣ маҳкум карданӣ мешаванд, вале мутмаин бошед, ки забони русӣ ба забони модарии мо хатар надорад. Аммо забони арабӣ хатар дорад! Тасаввур кунед, ки 60 фисади забони моро вожаҳои арабӣ ташкил мекунанд. Аз ҷониби дигар, ҳуввияти миллиро фикр намекунам бо забон ифода шавад. Шумо метавонед бо дилхоҳ забон ҳарф занед, аммо ин ба эҳсоси ватандӯстии Шумо халал намерасонад.  Бубинед, Нелсон Манделла нисфи умри худро барои озодихоҳӣ дар маҳбас гузаронд, аммо забони модарии худро намедонист. Ё Гандӣ оё ҳиндиро медонист? Пас оё гуфтан мумкин аст, ки онҳо хоини миллату давлати худ буданд?
Бовуҷуд, агар аз зинаи 50 –и умр ба қафо бингараму ба ин суол посух ёфтанӣ шавам, ки мабодо аз нав ҷавон мешудаму имкони интихоби касб пеш меомад, оё дигарбора журналист мешудам?
Ҷавоби ман:
— Ман аз журналист шудани худ пушаймонам! Зеро ин касбе аст, ки бояд барои дигарон зиндагӣ намоӣ. Фикр мекунам, одами боақл барои дигарон умр ба сар намебарад, бояд барои худ зиндагӣ кунад!
Тамом…».
Китобати Раҷаби МИРЗО, махсус барои «Фараж»
 «Фараж»-иён ҳамқалами хеш — Сайёфи Мизробро бо ҷашни нимасраи зодрӯз муборакбод гуфта, барояш тансиҳатию хонаободӣ таманно доранд!

 

http://www.faraj.tj/index.php/tj/hukumat/10868-sajjofi-mizrob-man-az-zhurnalist-shudani-khud-pushajmonam.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *