Сафаралӣ Бозорзода, муассис ва директори телевизиони Кулоб дар суҳбати гуфтугуи мустақими телфонии ҳафтаномаи Тоҷикистон гуфт, ки дар замони оғози ҷанги шаҳванди ӯ тавонист, ки телевизиони хусусии Кулобро роҳандозӣ кунад. Ӯ гуфт, шахсан худаш ин телевизионро созмон додааст, аммо баъдан ба назди Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев рафта аз онҳо хост, ки телевизиони мазкурро дастгирӣ кунанд.
Сафаралӣ Бозорзода дар ин суҳбат ба суоли хонандагони ҳафтанома посух гуфта, ҳадафи таъсиси ин телевизионро барқарори кардани сулҳу ваҳдат ва ба ҳамовардани мардум донист. Дар ин суҳбат ӯ гуфт, ки барои фаъолият кардан дар он солҳо душвор буд, вале онҳо кушиш мекарданд, ки барномаҳои хуберо таҳия намуда, ба мардум пешкаш намоянд.
Дар он давра гуфт ӯ, телевизиони Кулоб ба 3 забон барнома нашр мекард, тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ.
Ҳамчунин, ӯ ёдовар шуд, ки то солҳои 2000-ум телевизиони Кулоб мустақил буд, вале баъдан бинобар сабабҳои молиявӣ ӯ бо хоҳиши худ ба ҳукумат дархост фиристод то ин телевизион давлатӣ шавад. Ҳукумат дархости ӯро қабул карда, барои сохтмони бинои нави ин шабкаи минтақавии телевизион 3 млн сомонӣ ҷудо мекунад. Ҳоло, мегӯяд, ӯ дар телевизиони мазкур беш аз 70 нафар кор мекунанд ва ин телевизион 16 соат барнома пахш мекунад.
Сафаралӣ Бозорзода гуфт, мехоҳад минтақаи пахши телевизионро аз Кулоб ба минтақаҳои Хучанд ва шаҳри Душанбе густариш диҳад. Баъди муваффақ шудани ин нақшааш телевизион ба моҳвора низ роҳ пайдо хоҳад кард, гуфт ӯ дар посух ба суоли иштирокчиёни гуфтугуи мустақими телфонӣ.
Давоми суҳбати мазкурро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиъа кунед